Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
дуюмаш ба ҷузъи якумаш он тобеъ мебошад, аз ибораҳои изофӣ ба амал омадаанд. Усули калимасозии ин гуна исмҳо фақки изофат мебошад.
II. Исмҳои мураккаби тобеъ, ки аз исму сифат таркиб ёфтаанд. Дар исмҳое, ки аз исму сифат таркиб ёфтаанд, ҷузъи асосӣ исм буда, сифат вайро аз ягон ҷиҳат эзоҳ медиҳад. Тарзи воқеъшавии ҷузъҳои ин гурӯҳи исмҳои мураккаб чунин аст: сифат метавонад ҳам ҷузъи якум ва ҳам ҷузъи дуюм шуда ояд.
- Исмҳои мураккабе, ки ҷузъи асосиашон дар ҷои дуюм воқеъ шудааст, яъне аз сифату исм иборатанд:
а) Ин гуна исмҳои мураккаб шахсро ифода намоянд ҳам, ба ин маънӣ камистеъмоланд. Чунончи:
«Пой мемонд чу нозуксанамон қад-қади ҷав» (С. Айнӣ, Куллиёт). Полосов ба ҷавонзани хушрӯ бо назари харидорона менигарист («Садои Шарқ»). Девонабачагоне, ки ба як устохона рафта кор кунанд, бе бунак кор намекунанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар он вақт ба мо барин нимчамуллоҳо ...қозигӣ ва раисӣ хоҳад расид (С. Айнӣ, Ғуломон). Ман яккаписар будам, амакам ҳам фарзанд надошт (С. Айнӣ, Куллиёт).
Исмҳои ифодакунандаи шахс баъзан ба воситаи садоноки пайвасткунандаи а таркиб мебанд: пирамард, пиразан, шерамард ва ғайра.
б) Исмҳои мураккаб ҷонварон, предметҳои конкрет ва ҳодисаҳои олами табииро бо аромату нишонаҳояшон номбар мекунанд:
Аз ҳама ҷои намаду аз ҷоҳои бенамаду монанди кӯрдуд бо бухори об омехта баромада меистод (С. Айнӣ, Куллиёт). Замини атрофи шаҳр аз қолини нарми сабзаи навраст, аз лолаи даштӣ ва майдагулҳои худрӯид мурассаъ буд (Ф. Муҳаммадиев, Дар сӯҳбати Толис). Сабзоб як нӯшокии масткунанда буд, ки ҳиндуҳо вайро аз як алафи барги канабмонанд мекашиданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар тахтбоми хона дар зери кӯрпаҳо як сандуқи чӯбинро дид (С. Айнӣ, Куллиёт).
Регзорону биёбон дидаем,
Сардбарфу гармборон дидаем.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Яке аз сифатҳои серистеъмоле, ки бо предмети гуногун омада, барои таркиб ёфтани исмҳои мураккаб ҳамчун ҷузъи тобеъ хизмат мекунад, калимаи якка мебошад. Чунончи: яккаманор, яккачӯб, яккакорд, яккабоғ, яккамех, яккахона, яккахоҷагӣ ва ғайра.
в) Исмҳои мураккабе, ки аз сифату исм таркиб ёфтаанд, маконро низ далолат мекунанд, ки онҳо бо аломату нишонаашон аз ҳамҷинсҳои худ то як андоза фарқ доранд: тангкӯча, росткӯча, пасткӯча, гармхона ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё