Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ин гуна исмҳои мураккаб ба воситаи суффикси -а низ таркиб меёбанд: гармоба.
г) Мафҳумҳои абстрактро ифода намудани исмҳои мураккаб, ки аз сифату исм таркиб ёфтаанд, басо кам воқеъ мешавад:
Вай аз ин шумхабар маҳву мот шуда буд,(«Садои Шарқ»).
- Исмҳои мураккабе, ки ҷузъи асосиашон дар ҷои якум воқеъ гардидааст, яъне аз исму сифат таркиб ёфтаанд.
Исмҳои мураккаби типи мазкур ҳам шахс, предмет ва паррандагону ҷонваронро бо нишон додани аломат ё хусусияташон мефаҳмонанд. Ҷузъи асосӣ номи предметро ва ҷузъи тобеъ аломат ва таъинотро ифода менамоянд. Чунончи: бобокалон, модаркалон, қозикалон, бачамайда, мурғобӣ, ҷомақӯҳна, латтақӯҳна, калӯшқӯҳна ва ғайра. Усули калимасозии исмҳои зикршуда фарқи изофат мебошад.
Исмҳои мураккаби мазкур ба воситаи суффикси -ак низ омадаанд:
Худат хӯрдан гир, ман шикамамро аз лӯбиёшӯрак сер мекунам (С. Айнӣ, Ғуломот). Мо ...камтар донашӯрак гирифта, аз анбӯҳи саёҳаткунандагон канортар рафтем (С. Айнӣ, Куллиёт).
III. Исмҳои мураккабе, ки аз шумора ва исм таркиб ёфтаанд. Дар исмҳои мураккабе, ки аз шумораву исм таркиб ёфтаанд, калимаи асосӣ исм буда, ҳамеша ҳамчун ҷузъи дуюм воқеъ мегардад, шумораҳои миқдорӣ ҳамчун ҷузъи тобеъ барои таъин кардани адади предмет ва ё миқдори аломату узвҳои он хизмат мекунанд. Ба исмҳои ҷондор ва предметҳои гуногун аз рӯи аломатҳои зоҳирӣ ва узву қисмҳои он ном ниҳодан ба забони адабии тоҷик мансуб мебошад. Бештарини исмҳои мураккаби гурӯҳи мазкур бо ҳамин роҳ таркиб ёфтаанд.
Дар таркиб ёфтани ин гурӯҳи исмҳои мураккаб асосан шумораҳои миқдорӣ истифода мешаванд. Номи умумии ҳайвонот ва бисёр ҷонварон бо ҳамин қолаб ва аз рӯи нишонаҳои асосии зоҳирӣ ва узвҳояшон сохта шудаанд: чорпо, чилпо, ҳазорпо ва ғайра. Номи бисёр предметҳо, мавзеъ ва маҳаллаҳо низ бо ҳамин қолаб ба амал омадаанд: чормағз, садбарг, шашпар, чорбоғ, чилчароғ ва ғайра.
Махдуми Муҳаммадӣ аз гузари Чорхарос, Говкушон, Сесӯ, растаи баззозӣ ва Тоҷи Саррофон гузашта, ба лаби ҳавзи Девонбегӣ аз гӯшаи ҷануби ғарбӣ медарояд... (С. Айнӣ, Куллиёт). ... ситораҳо монанди чилчароғи шифти хонагӣ медурахшиданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Номи бисёр асбобҳои мусиқӣ дар асоси ҳамин қолаб, аз рӯи шумораи торҳояшон ва номи бисёр мақомҳо дар асоси шумораи мақому зарб сохта шудаанд: дутор, сетор, чортор, шашмақом, чорзарб, дугоҳ, сегоҳ, чоргоҳ ва монанди инҳо.
Номи рӯзҳои ҳафта низ ба ҳамин тариқ таркиб ёфтааст:
якшанбе, душанбе, сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё