Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ин гуна исмҳои мураккаб инчунин бо ёрии суффиксиҳои
-а ва -чӣ таркиб меёбанд: панҷшоха, чорҷӯба, себарга, дураҳа, чорраҳа, чоркунҷа, чорпоя, сепоя, дубайта, чорбайта, садцентнерчӣ, ҳазоркилочӣ ва ғайра.

...ба болои онҳо чорҷӯбаҳои секунҷашакл ниҳода буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Русзанаки ҳамсоя сатили пуробро ба сепоя овезон карда монд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Дар сари чорраҳа дар байни дарахтон, дар болои таҳкурсии гирдаи баланде... ким-чӣ хел одамҳои сиёҳи шапкапӯш беҳаракат истода буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Садцентнерчии колхоз Ҳалимахон боре гуфта буд, ки агар машина кор карда истад, дар зери овози он пахта чидан чӣ тавр осонтар аст (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

IV. Исмҳои мураккабе, ки аз исму асосҳои феълӣ таркиб ёфтаанд. Дар таркиб ёфтани исмҳои мураккаб асосҳои феъл фаровон истифода мешаванд. Дараҷаи истеъмоли асоси замони ҳозира аз асоси замони гузашта якчанд бор зиёдтар мебошад.

А. Таркиб ёфтани исмҳои мураккаб аз исм ва асоси замони ҳозираи феъл. Аз исму асоси замони ҳозираи феъл қариб ҳамаи хелҳои исм таркиб меёбанд.

  1. Исмҳое, ки шахсро мефаҳмонанд. Ин гурӯҳи исмҳои мураккаб аз исму асоси замони ҳозираи феъл бевосита таркиб меёбанд. Исм ҳама вақт ҳамчун ҷузъи якум ва асоси феълӣ ҳамчун ҷузъи дуюм воқеъ мешавад. Асоси феълӣ ҷузъи асосӣ буда, исм ба вай тобеъ шуда меояд ва ҷузъҳои калима ба ҳам дар муносибати объекти амал мебошанд.

Исмҳое, ки аз асоси замони ҳозираи феъл ва исм таркиб меёбанд, шахсро аз рӯи ихтисос, касбу кор ва машғулият ифода менамоянд. Ба кадом ихтисос ва касбу кор машғул будани шахсро ҷузъи номии калимаи мураккаб далолат мекунад. Мисол: адабиётшинос, забоншинос, роҳсоз, роҳзан, сабадбоф, қолинбоф, сабзавоткор, саҳифабанд, соатсоз, танӯрсоз, таърихнавис, таърихшинос, тиллоков, тунукабур, фолбин, футболбоз, футабоф, хазинадор, тунукасоз, хаскаш, хоркаш, шонасоз, шонатарош, ямоқдӯз, ҷуфтрон, олучабоф, мурдашӯй, коргузор, раҳнамо, китобдор, рикобдор ва ғайра.

Ман аз ин сухани сартарош огоҳӣ ёфта, ба сари Қорӣ-ишкамба бо диққат назар андохта будам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Тамоми бофандагони сумикорхӯр (коргарони муздӣ) ва рӯмолбоф, шоҳибоф, махмалбоф, атласбоф, саллабоф (саллаи пешовурӣ) ва дигар абрешимбофон, адрасбофон, беқасаббоф ва олчинбарбоф, ки торашон абрешимин ва пудашон ресмони пахтагӣ буд, фақат аз мардон иборат буда, корҳои ёрирасони каммузд, аз қабили найчаандозӣ ва бофзаниро занон анҷом медоданд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбайи косибон). Ниҳоят ба сайди моҳӣ рафтам ва моҳипаз шудам (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). ...оянда обдор набуда, Сафаргулом буд (С. Айнӣ,

пешина
аз 457
навбатӣ