Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ғуломон). Ба болои ин мактабдор аз бачаҳо ҳеҷ хабардорӣ наменамуд, ҳама қиморбоз ва бедонабоз шуда рафтанд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Аз асосҳои феълӣ калимаҳои шинос, соз, боф, навис, дӯз, дор дар таркибёбии ин гурӯҳи исмҳои мураккаб серистеъмол ҳисоб меёбанд. Дар баъзе мавридҳо асосҳои феълӣ маънои луғавиашонро то як андоза суст карда, ҳатто бо суффикси -чӣ ҳамвазифа мешаванд: таърихшинос-таърихчӣ, пайшинос-пайчӣ, изшинос-изчӣ, хазинадор-хазиначӣ, ямоқзан-ямоқчӣ ва ғайра.
Исмҳои мураккаби ранҷбар, мустамликадор, хабаркаш, миёнарав, суханчин шахсро аз рӯи мавқеи иҷтимоӣ ва хислату характераш нишон медиҳанд.
- Исмҳое, ки предметро ифода мекунанд. Бо исму феъл таркиб ёфта, номи предметро ифода намудани исмҳои мураккаб ба забони тоҷикӣ характернок аст. Дар ин гурӯҳи исмҳо ҳам ҷои ҷузъи тобеъкунанда қатъист, вай дар ҷои дуюм воқеъ мешавад ва муносибаташ ба ҷузъи тобеъ ҳамчун муносибати амал ба объект воқеъ мешавад.
Исмҳои мураккабе, ки предметро номбар мекунанд, бо ду роҳ таркиб ёфтаанд:
-
Бе ягон воситаи грамматикӣ: сарпӯш, сардӯз, миёнбанд, хокандоз, шохбанд, ҷорӯб, оҳанрабо, қаҳрабо, тахтабанд, арақчин, токбур ва ғайра.
-
Ба воситаи суффиксҳо:
а) Дар ташаккули ин гурӯҳи исмҳои мураккаб бештар суффикси -ак иштирок мекунад ва басо сермаҳсул аст: обпошак, атрпошак, мӯйчинак, оташгирак, ҳалқадавак, саргирак, бодбезак, бодбарак, дастпӯшак, дастшӯяк, либосовезак, дастгирак, мушгирак, обчинак ва ғайра.
Исмҳое, ки паррандагон ва ҷонваронро номбар мекунанд, аз исму асоси замони ҳозираи феъл танҳо бо суффикси -ак таркиб меёбанд: шабпарак, чархресак, тортанак, лойхӯрак, моҳихӯрак ва ғайра.
б) Исмҳои мураккабе, ки предметро мефаҳмонанд, ба воситаи суффикси -а низ таркиб меёбанд: хокрӯба, хасрӯба, пойтоба, барфрӯба, говрона ва ғайра.
Дар таркиб ёфтани исмҳои мураккаби абстракт суффикси -ак сермаҳсул мебошад: гапгузаронак, нонхӯрак, байтбарак, хонаковак, гӯштобак, яхмолак ва ғайра:
Ҳамон рӯз бой ва усто як соат ба болои Истад гапгузаронак карданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Вақто ки дар аснои нонхӯрак заргар ба ҳавлии дарун даромад, Шамсия шунид, ки Оймулло аз шавҳараш мепурсад (Ҷ. Икромӣ, Дух-
1 Дар калимаи нӯшдору чунин ба назар мерасад, ки ҷузъи асосӣ дору буда, нӯш хусусияти таъинотӣ дорад, бинобар ин ҳамчун ҷузъи якум воқеъ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё