Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
тари оташ). ... Ман таклиф мекунам, ки аз пионерон отряд ташкил карда хонаковак кунонем (С. Айнӣ, Ғуломон).
Маълум аст, ки суффикси асосии исми абстрактсоз -ӣ мебошад. Дар исмҳои мураккаби абстракт ду вазифаи суффикси -ӣ мушоҳида карда мешавад:
-
суффикси -ӣ аз асосҳои мураккаб, ки аз исму асоси замони ҳозираи феъл бе ягон восита таркиб ёфтаанд, исми абстракт месозад: ошпазӣ, ҷомашӯӣ, наҳӯдпазӣ, шеърхонӣ, каллазанӣ, зӯроварӣ, шоҳибофӣ, шабнишинӣ, миёнаравӣ, гӯштингирӣ, хонашинӣ, боғдорӣ, ҳайвонотпарварӣ, базмгардӣ, чойҷӯшонӣ, мӯҳраканӣ, дорусозӣ ва ғайра;
-
суффикси -ӣ на танҳо исми абстракт месозад, балки барои ҳамчун исми мураккаб таркиб ёфтани исму асоси замони ҳозираи феъл ёрӣ мерасонад. Дар ин вазифа суффикси -ӣ мисли вазифаи аввалааш, ки вазифаи асосӣ ва маъмулу машҳури вай мебошад, серистеъмол ва сермаҳсул нест. Ҷузъҳо ба ҳам баъзан дар муносибати субъекту амал, объекту амал бошанд, баъзан ҳамчун феълҳои таркибӣ воқеъ мегарданд: меҳмоной, сабркунӣ, ҳайвончаронӣ, рӯзгузаронӣ, нафасгирӣ:
...меҳмоной қариб ба поён расид (С. Айнӣ, Куллиёт). Сабркунӣ ёд бигирам? («Садои Шарқ»). Ҳайвончаронии баъд аз пешини Соро бисёр дароз накашид (С. Айнӣ, Куллиёт).
Шунидам ман фақат дарро кушода,
Нафасгирии аҳли хонавода.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Б. Таркиб ёфтани исмҳои мураккаб аз исму асоси замони гузаштаи феъл. Аз исму асоси замони гузаштаи феъл исмҳои шахс ва предметҳои конкрет басо кам сохта мешаванд. Чунончи: падархонд, додархонд, номзад, хорбаст, шохбаст:
Бе ин падарам ба ҳавлии бародархонду хоҳархондаш рафтуой дошт (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Ба дарахтҳо, ба деворҳои боғ, ҳатто то хорбастҳои сари девори он бо нигоҳи охирин ҳарисона нигоҳ кард (С. Айнӣ, Ғуломон).
Аз исму асоси замони гузаштаи феъл исмҳои мураккаби абстракт бе ягон воситаи грамматикӣ таркиб меёбанд: саргузашт, чашмдошт, ёдбуд, ҷамъомад, маънидод, нишондод, қаламдод, талабдошт, салоҳдид, ёддошт, саромад, сарнавишт, саргузашт:
Ҳикояҳои Раҳими Қанд бештарин аз саргузашт ва ёддоштҳои худаш, аз аҳволи худаш ва аз дида ё шунидаҳояш буд (С. Айнӣ, Куллиёт). ...мо ба ҷамъомад ва намоишҳои шумо монеъ намешаваҳем (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Ҷамолиддин Каримзода (донишҷӯи курси чорум) шеъри ба ёдбуди Ҳаким Карим эҷод намудаи худро хонд («Маориф ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё