Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

решагӣ иборатанд, аммо баъзан бар хилофи қоидаи қатъии сифатҳои нисбӣ бо таъсири сифатҳои аслӣ баъзеи онҳо суффиксҳои қиёсиро қабул карда, дараҷанок мешаванд, ин ҳолат характери умумӣ надорад ва ҳамчун ҳодисаи ҷудогонаи истисноӣ қайд карда мешавад: шармғин — шармғинтар, ғамгин — ғамгинтар, равғанин — равғанинтарин.

Ба сифати аслӣ гузаштани сифати нисбӣ

Ҳудуди грамматикии сифатҳои аслӣ ва нисбӣ то андозае шартӣ мебошад. Сифатҳои нисбӣ ба осонӣ дар худ хусусиятҳои сифати аслиро инкишоф медиҳанд. Дар сифатҳои нисбӣ маънои муносибати предметӣ бо маънои аслӣ-хоссагӣ якҷоя шуда, ба ин восита як сифат дар шароити гуногуни нутқ метавонад ҳам нисбӣ ва ҳам аслӣ шавад. Қариб ҳамаи сифатҳои нисбӣ тобиши маъноии сифати аслӣ доранд, ки он тобиш дар мавридҳои ҷудогона мавқеи асосӣ пайдо карда, барои ба сифати аслӣ мубаддал шудан имконият пайдо мекунад, махсусан ҳангоми ба маънои маҷозӣ кор фармудани сифатҳо боиси тағйирёбии маъно ва аз категорияи нисбӣ ба аслӣ гузаштани онҳо мешавад. Масалан, калимаҳои оҳанин, пӯлодин, заррин, сангин аз як тараф, аз кадом материал сохта шудани предметро фаҳмонда, сифати нисбӣ мешаванд (дарвозаи оҳанин, овезаҳои заррин, девори сангин, мехи чӯбин), аз тарафи дигар, аз сабаби ба чӣ гуна аломат доро будани предметҳо ва шахсҳоро ифода намудан ба сифати аслӣ мегузаранд (бозуи оҳанин, иродаи пӯлодин, интизоми оҳанин, саломи оташин).

Сифатҳои нисбӣ дар сурати ба маънои сифати аслӣ омаданашон ба хусусиятҳои морфологии сифати аслӣ молик мешаванд.

Мисолҳо: — Аз даҳ даҳ дақиқа гузаштааст, — ҷавоб дод Ҷамила ба соати тиллоии дасташ нигоҳ карда (Р. Ҷалил, Шӯроб). Рустам! Номат Рустам бошад ҳам, аз занат ҳам буздилтар будай (С. Айнӣ, Кул. ҷ. II). Ӯ ҷавони ростқавли сангин аст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Сафаш маҳкаму оҳанинпанҷа аст, сари душманонаш дар шиканҷа аст (Ҳ. Юсуфӣ). Устод маро Горькийи шамшерқалам — дар даст маро ба ҷои шамшер — қалам (Ҳ. Юсуфӣ).

ДАРАҶАҲОИ СИФАТ

Дараҷанокӣ хусусияти сифатҳои аслӣ мебошад. Сифатҳои аслӣ се дараҷа доранд: оддӣ, қиёсӣ, олӣ.

  1. Дараҷаи оддӣ. Дараҷаи оддӣ асос ва нуқтаи баромади дараҷаҳои қиёсӣ ба олӣ ҳисоб меёбад. Сифат дар дараҷаи
пешина
аз 457
навбатӣ