Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

худ калимаҳои решагӣ — аслӣ буда, ба давраи қадимтарини забон мансубанд: хуб, бад, сурх, сафед, нав, кӯҳна, калон, хурд, пир, ҷавон, рост ва м. ин.

Дар муқоиса бо сифатҳои нисбӣ чунин хусусиятҳои лексикӣ ва грамматикии сифатҳои аслиро қайд кардан лозим аст.

  1. Аксарияти сифатҳои аслӣ калимаҳои решагӣ мебошанд.

  2. Сифатҳои аслӣ дараҷаи қиёсӣ доранд: хуб — хубтар — хубтарин, калон — калонтар — калонтарин.

  3. Мавҷудияти дараҷаи камӣ, зиёдӣ ва хурдию навозиш: сурхча, кабӯдча, сурхтоб, кабӯдтоб, сурхина, зардина, сапсафед, сип-сиёҳ, калонакак, хушрӯякак, зебояк.

  4. Аксари сифатҳои аслӣ калимаҳои антонимӣ доранд: хуб — бад, калон — хурд, талх — ширин, дароз — кӯтоҳ, равшан — торик...

  5. Аз сифатҳои аслӣ бо ёрии суффикси -ӣ (-гӣ) исмҳои абстракт сохта мешаванд: сафед — сафедӣ, нек — некӣ, тоза — тозагӣ.

  6. Бо зарфи миқдору андоза меоянд: бисёр хуб, хеле калон, ниҳоят васеъ, бениҳоят дур ва ғайра.

Боиси қайд аст, ки ҳар як сифати аслӣ дорои ҳамаи ин хусусияту аломатҳо мебошад. Мавҷудияти ин хусусиятҳо имкон медиҳад, ки сифатҳои аслиро аз нисбӣ фарқ намоем. Сифатҳои нисбӣ ба ин хусусиятҳо соҳиб нестанд.

Сифати нисбӣ

Сифатҳои нисбӣ чигунагӣ ва аломатро аз ҷиҳати нисбат доштани он ба предметҳои дигар ва ҳодисаҳо нишон медиҳанд. Чунончи:

  1. Нисбат ба одамон: меҳри падарӣ, дӯстии бародарона, билети студентӣ, забони модарӣ.

  2. Нисбат ба предметҳо: дарвозаи чӯбин, ҳайвони хонагӣ, кӯпруки оҳанин, ҳамёни ҷармин.

  3. Нисбат ба мафҳумҳои абстракт: меҳнати фикрӣ, кори илмӣ, отряди ихтиёрӣ.

  4. Нисбат ба макон: биноҳои европоӣ, куртаи украинӣ, одами инҷой, тӯқии ҷустӣ.

  5. Нисбат ба замон: ҳодисаи имрӯза, шӯъбаи шабона.

  6. Нисбат ба амал: курси тайёрӣ, бозии шикорӣ, қобилияти харидорӣ, органи шунавой.

Аз ҷиҳати морфологӣ сифатҳои нисбӣ аз сифатҳои аслӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо дараҷаи қиёсӣ ва антоним надаранд, инчунин камию зиёдӣ ва хурдию навозишро ифода намекунанд. Сифатҳои нисбӣ асосан дар шакли сохта ва пайваста зоҳир мегарданд, сифатҳои аслӣ бошанд, асосан аз калимаҳои

пешина
аз 457
навбатӣ