Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Қувваи он зӯртар аз доллар аст,
Зӯртар аз банкҳои пурзар аст.
(М. Турсунзода)
Дигар чархҳое, ки дар ин хона мебинед, нисбат ба чархи нахустин хурдтаранд (С. Айнӣ, Ас. мунт.).
Шакли таъкидӣ дар сифат
Шакли таъкидии сифат ба ҳадди охирин расидани аломати предметро таъкид мекунад. Бинобар ин сифати таъкидӣ аз ҷиҳати маъно ба дараҷаи олӣ мансуб буда, бар хилофи дараҷаи сифат шакли таъкидии он мафҳуми қиёсӣ надорад. Маънои таъкидӣ бо роҳи такрори нопурраи сифат ифода меёбад, ки дар ин ҳолат унсури дуюм шакли пурраи сифат буда, унсури якум шакли нопурраи он аст. Такрори нопурра ба тарзи зерин воқеъ мешавад: агар сифат бо ҳамсадои ҷарангнок сар шуда бошад, ба ду овози аввали он б ва агар бо ҳамсадои беҷаранг сар шавад, п илова мегардад: зард — заб-зард, лӯнда — лӯб-лӯнда, дароз — даб-дароз, сурх — суп-сурх, сафед — сап-сафед, сиёҳ — сип-сиёҳ.
Гандум суп-сурх шуда пухта расида буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Риши сап-сафеди вай қариб ба миёнбандаш мерасид (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дари барак кушода шуда, як мӯйсафеди фарсудаи шамшер овехтаи куп-кулӯла ва заб-зард даромада омад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Агар дар охири унсури якум, ки воситаи ифодакунандаи мафҳуми таъкидӣ ҳисоб меёбад, садоноки а афзояд, ҳамсадои лабии охирин ташдид меёбад, аммо дар як қисми сифатҳои таъкидӣ ин тағйироти фонетикӣ характернок нест: нав — наппа-нав, калон — каппа-калон, тӯғрӣ — тӯппа-тӯғрӣ.
Дар бисту шашуми август билети наппа-нави комсомолӣ бо муқоваи оддии малларанг ва сурати Ленин ба дасти ман даромад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Падарам се соли таппа-тахт бо босмачиҳо ҷанг карда буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Ифодаи камӣ ва хурдиву навозиш дар сифат
Сифат шаклҳои махсус дорад, ки аз ҳолати оддӣ паст будан ва ба дараҷаи оддӣ расида натавонистани аломати предметро мефаҳмонанд. Чунин сифатҳо аз ҷиҳати маъно худ камият ва таҳсину навозишро ифода карда, мазмуни қиёсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё