Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

надоранд. Маънои камӣ ва навозиш бо чунин роҳҳо ифода меёбад:

а) бо воситаи суффикси -ча:
Ранги хомаҳои реғ ҳам, ки дар айёми тобистон ахгарвор сурхча менамуд, ҳоло ҳамранги баҳор шуда буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Деҳа аз ин чангу ғубори зардча, ки аз биёбони васет бардошта шуда меомад, ранги хумдони хишти оташгудохтаро гирифта буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Шодӣ тоқии бодомчагули чустиро ба сараш дурусттар карда монду ба Ҷӯра эътироз кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

б) бо иловаи калимаи тоб ва бо якҷоя омадани ча+ранг:
Туркман, гӯё ки табассум мекарда бошад, аз байни лабҳои сиёҳтобаш дандонҳои сафеди худро намоён кард (С. Айнӣ, Ғуломон). Рӯшноии гулобитоби вай ба сӯзании рӯи девор, ба мискӯзаи дар токча истода, ба каравотчаи тӯрдори бачагона метофт (С. Улуғзода, Навобод). Дигаре аз ин ду одам зардчаранг, ришу мӯйлабаш тамоман тарошида, мӯйсараш дароз гузошташуда буда, пӯпокаш тагу рӯӣ европоӣ буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Баъзан барои ифодаи маънии камият ба як вазифа суффикси -ча ва калимаи тоб ба кор бурда мешаванд:
Ранги инҳо сабзи сиёҳчатоб гардида буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Посбони аввал чашмашро ба партави зардчатоби саридевори офтоби фурӯрафтаистода дӯхта, ба андеша фурӯ рафт (С. Айнӣ, Ғуломон). Муродхон як ҷавони бистуҳаштсола, хушсурат буд, мӯйлаби хурдтараки сурхчатоб дошт ва либоси шаҳрӣ мепӯшид (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

в) бо воситаи суффикси -ина:
У як ҷавони баландқомати зардинарӯи тангчашми пурхашм буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо, IV). Вай чобук, малламӯй, сурхинарӯй буд (Р. Ҳалил, Одамони ҷовид).

г) бо воситаи суффиксиҳои -ак (-як), -акак (-якак): пастак, ларзонак, дӯстрӯяк, хушрӯяк, калонакак, зебоякак.
Дар тарафи шумоли рӯи ҳавлӣ як хонаҷаи пастаки офтобрӯя буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Бегоҳӣ боронаки нағзакак шуду ҳама ҷоро тозою тар кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Ҷӯҷаҳои хурдакак,
Хурдаку тезгардакак,
Куртаҳотон сап-сафед,
Нӯлчаҳотон зардакак,
Почаҳотон топ-тоза,
Белою бегардакакак,
Дона хӯреду шавед
Фарбеҳу бедардакак.

(А. Деҳотӣ).

пешина
аз 457
навбатӣ