Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Тарзҳои шумурданӣ предметҳо, агар лаҳҷаҳои гуногун ва адабиёти пештаразамонро ба назар гирем, зиёд аст.

Аммо аксари мутлақи онҳо ё тарзи лаҳҷагӣ ва ё архаистӣ мебошанд. Масалан, дар баъзе лаҳҷаҳо адади як ҳазору чорсад ба тарзи чордаҳсад, як ҳазору нӯҳсад ба тарзи нуздаҳсад гуфта мешавад. Шастро себист, чил-ро дубист мегӯянд, нуздаҳро як кам бист, сию ҳашт-ро ду кам чил мегӯянд...

Раис гуноҳи ҳар кадоми онҳоро «таҳқиқ намуда», баъзеро ба ҷазори як кам чил дарра, баъзеро ба понздаҳ ё нӯҳ дарра ҳукм мекард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Предмети шумурда одатан баъд аз шумора меояд.

Имшаб чор кас омада, ба муқобили сесад кас ҷанг кардем ва душманро мағлуб кардем (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Баъзеҳо шумораҳои лӯндаи ҷамъи даҳҳо, садҳо, ҳазорҳо, ҳазорон ва ғайраро як хели шумора мегӯянд, вале мо таъриф ва вазифаҳои шумораро ба хотир биёрем, равшан мегардад, ки ин ақида чандон асос надорад. Ин қабил калимаҳо бисёриро мефаҳмонанд, на адади муайяни предметро.

Худи шумора танҳо зиёдии предметро таъин мекунад, бинобар ҳамин, агар предмет бо шумора ояд, ҷамъ набастани он предмет табиӣ аст.

Дар хона ду кампир ба истиқболи он ба по хеста буданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Аммо дар баъзе номҳои мифологияи хеле қадим пайдошуда, монанди, ҳафтдодарон, ҷилдухтарон шумурдашудаҳои бевосита баъд аз адад омада суффикси ҷамъро мегиранд. Чунон ки тадқиқотчиён мегӯянд, ин ҳодиса дар забони мо як вақтҳо бисёр вомехӯрдааст — предметҳои шумурдашуда баъд аз шумораҳо ҳам суффикси ҷамъро мегирифтаанд.

Дар нутқ бештар дар байни шумора ва предметҳои шумурдашуда калимаҳои нумеративӣ ба кор бурда мешаванд: Аз рӯи сандалӣ гирифта то поёни меҳмонхона чор дона шамъи нимчагии ҷойдорӣ нур мепошиданд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Инчунин боз хабар омад, ки сесад нафар аскари пиёда ва дусад нафар аскари савора ҳам ба фармони «Зану тороҷ кун!» мунтазир истодаанд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). ...Ду сар пиёзро пора карда биръён кун... (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Агар байни шумораву предметҳои шумурдашаванда калимаҳои нумеративӣ оянд, он гоҳ дар байни онҳо калима-

1 Калимаи дувист дар форсии Эрони ҳозира (бо тарзи талаффузи хос) ба ҷои дусад-и мо ба кор бурда мешавад.
2 Дар забони мо ҳазор-ҳазор ва шакли аз ин ҳам кӯҳнатари он ҳазор андар ҳазор ҳоло ба кор бурда мешавад, аммо аз он адад як миллион не, балки маънии хеле бисёр фаҳмида мешавад: Большевикон ҳизор андар ҳазоранд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дар айни замон ҳазорон ҳазор одамон, ки ватани худро аз сидқи дил дӯст медоранд, либоси аскарӣ пӯшида истодаанд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

пешина
аз 457
навбатӣ