Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

студент, даҳ қалам, ҳашт стол, чор асп, дувоздаҳ ба чор тақсим мешавад. Даҳ адади том аст. Шумораҳои миқдорӣ ба саволи чанд?, чӣ қадар? ҷавоб мешаванд. Шумораҳои миқдорӣ ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:

  1. Шумораи аслӣ.
  2. Шумораи тахминӣ.
  3. Шумораи касрӣ.

Шумораи аслӣ

Шумораи аслӣ пеш аз предметҳои шумурдашуда омада, миқдори предметҳоро бо адади том мефаҳмонад: Шаш аспӣ асп давонда баромад (Р. Ҷалил, Гулрӯ). Дар поёни сандалӣ ду мӯйсафед менишаст (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Калимаҳои (ададҳои томи) панҷсад, ҳазор, ҳафтоду панҷ, ҳазор, се, чор, нуздаҳ ва бист шумораи аслӣ мебошанд.
Шумораи аслӣ ҳамаи ададҳои томи муқаррариро дар бар мегирад ва хелҳои дигари шумора аз он сохта мешаванд.
Адади калимаҳои асосӣ, ки барои ифодаи миқдори ададии бисёре кифоят мекунанд, хеле кам аст.
Шумораҳои аслии аз як то даҳ калимаҳои содда (рехта) мебошанд, шумораҳои аз даҳ то бист ба воситаи ба даҳ зам кардани калимаҳои аз як то даҳ сохта мешаванд: ёздаҳ, дувоздаҳ, сездаҳ, чордаҳ, понздаҳ, шонздаҳ, ҳафдаҳ, ҳаждаҳ, нуздаҳ.
Дар шумораҳои ёздаҳ, дувоздаҳ, сездаҳ, понздаҳ, шонздаҳ, нуздаҳ ҳамсадои з боқимондаи пешоянди аз аст. Дар шумораҳои чордаҳ, ҳафдаҳ, ҳаждаҳ, садои з боқӣ намондааст.
Чунон ки маълум аст, ҳамсадои н дар калимаи понздаҳ н-и панҷ аст, аммо дар калимаи шонздаҳ ҳамсадои н аз куҷо пайдо шудааст? Мегӯянд, ки ба тариқи тақлид, аналогия ба понздаҳ шумораи шонздаҳро низ бо н талаффуз мекунанд.
Ададҳои аз бист боло бо пайвастани воҳидҳо бо даҳиҳо, садиҳо, ҳазорҳо ва ғайра, ки дар натиҷа ададҳои таркибӣ ба вуҷуд меоянд, ба воситаи пайвандаки у сохта мешаванд. Дар ин ҳолат адади (хонаи) калон аввал, баъд аз он, ба навбат, ададҳои (хонаи) аз вай хурдтар талаффуз карда (навишта) мешаванд. Масалан, чорсаду панҷоҳу як, шаш ҳазору панҷсаду шасту ду, як миллиону сесаду ҳафтоду ҳашт ҳазору ҳафтсаду чилу шаш.
Ададҳои лӯндаи миллион, миллиард ва ғайра ба воситаи забони русӣ ба тоҷикӣ гузаштаанд.
Ададҳои дувист 1 (дусад), тирист (сесад), бевар (даҳ ҳазор), лак (сад ҳазор), курур (панҷоҳ ҳазор) ва ҳазорҳазор 2 (як миллион) ҳамчун калимаҳои архаистӣ дар забони имрӯза истеъмол намешаванд.

пешина
аз 457
навбатӣ