Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
чанд дақиқа гирогиру моломол дар болои буз фақат як сӣ нафар саворони ғайюртар монданд, ки талош мекарданд (С. Улуғзода, Навобод). Як шаш моҳ пеш аз ин бевосита баъд аз тамом шудани ҷанг бо як кори муҳим ба Рига рафтам (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Бибӣ Халифа як зани сафедрӯи миёнсоли фарбеҳ ва ишкамкалон буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Мо дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунем, ки чор тарафи он боғ аст.
Як гоҳо ба ҷои аломати е меояд:
ЯК ҳаёти ҷидоли саранҷом,
Бо ситампешагони хуношом,
ЯК ҳаёти мудом афту дарафт,
Ҳар куҷо буд лозим ӯ мерафт.
(С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан.
(Фольклор).
Дар воқеъ, як тоқияфурӯшро тоқияфурӯше, як ҳаётни ҳаёте, як ишораро ишорае гуфтан ҳам мумкин аст.
Ҷолиби таваҷҷӯҳ, ки то ҳол маънии як доштани аломати
-е то андозае ҳис карда мешавад:
Писараш соле ду бор ба ризои падараш меҳмондории рӯйрост мекард... (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).
Шумораи тахминӣ
Шумораҳои тахминӣ яке аз намудҳои шумораи миқдорӣ мебошанд. Онҳо миқдорро ба тариқи тахминӣ ифода мекунанд: чор-панҷ кас, даҳ-дувоздаҳ рӯз, сӣ-чил дарахт.
Мӯйсафедҳо даҳ-дувоздаҳ нафар буданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ин гапҳоро шумо дар даруни меҳмонхона дар байни понздаҳ-бист нафар ёрӯ ҷӯра зада метавонед (С. Айнӣ, Аҳмади Девбанд).
Дар сохти шумораҳои тахминӣ қоидаи муайяне дида мешавад:
Шумораи тахминӣ одатан аз ду шумораи миқдории аслӣ ва ё касрӣ таркиб меёбанд. Дар шумораҳои тахминӣ аввал адади хурд, баъд адади калон меояд: чор-панҷ, даҳпонздаҳ.
Доираи сохта шудани шумораҳои тахминӣ муайян ва маҳдуд аст.
Шумораи тахминӣ одатан аз ду адади паи ҳам омада ба вуҷуд меоянд: як-ду, ду-се, се-чор, чор-панҷ, панҷ-шаш, шаш-ҳафт, ҳафт-ҳашт, ҳашт-нӯҳ, даҳ-ёздаҳ, ёздаҳ-дувоздаҳ, ҳафдаҳ-ҳаждаҳ, нуздаҳ-бист, бисту як-бисту ду, сию панҷ-сию шаш ва монандӣ инҳо.
Шумораи тахминӣ инчунин бо панҷ-панҷ ва ё даҳ-даҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё