Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

зиёд кардани ададҳо сохта мешаванд: даҳ-понздаҳ, понздаҳ-бист, бист-бисту панҷ, бист-сӣ, чил-панҷоҳ, ҳафтод-ҳафтоду панҷ ва монандӣ инҳо.

Шумораҳои таркибии тахминии аз сад зиёд низ бо ҳамин роҳ сохта мешаванд: сад-саду бист, сад-саду панҷоҳ, дусад-сесад, панҷ-шаш ҳазор ва монандӣ инҳо.

Ба шумораи аслӣ адади як ва ё ҷонишини миқдории чандро ҳамроҳ карда, адади тахминиро ифода мекунанд: Аз сесад чанд нафар иштироккунандагони маҷлис як понздаҳ кас ба муқобили вай даст бардоштанд (С. Улуғзода, Навобод). Аз Конибодом, Ашт ва Истаравшан як сӣ хоҷагӣ муҳоҷирони нав омаданд (С. Улуғзода, Навобод).

Шумораи касрӣ

Шумораҳое, ки миқдори предметҳоро бо ададҳои касрӣ мефаҳмонанд, шумораи касрӣ номида мешаванд: сеяк, чоряк, аз се як, аз чор як ва монандӣ инҳо.

Лекин мошини рост ба ҷои шумо раванда аз сад якто наояд, дигар ҳамаш то нисфи роҳ меравад (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Агар адади том (шумораи аслӣ) бо каср ояд, он гоҳ аввал шумораи аслӣ ва баъд шумораи касрӣ омада, пайвандаки у онҳоро мепайвандад:

Тарафи ғарбии роҳ майдони Машқи Сарбоз буда, дар байни роҳ ва майдон заҳкаши пуробе, ки якуним метр бару ҳамин қадар ҳам чуқурӣ дошт, тарафи роҳи Дилкушо ном чорбоғи подшоҳӣ буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Дар нутқ шумораҳои касрӣ одатан бо талаффузи пешоянди аз + махраҷ + сурат ба вуҷуд меояд. Масалан, -ро аз панҷ ду ва -ро аз даҳ се талаффуз мекунем.

Ҳангоми талаффузи 1/3, 1/4, 1/5, 1/6, 1/7, 1/8, 1/10, 1/100 бештар пешоянди аз талаффуз намешавад, бинобар ин ифодаҳо ҳам кӯтоҳ шуда, шакли сеяк, чоряк ва ғайраро мегиранд.

...Сар то сари шашяки ҷаҳон давр занам,
Бешубҳа, туро дар ҳама ҷо мебинам.
(Ҳ. Юсуфӣ)

— Не, ин кор ба ман баробар намеояд ва дар он вақт ман қариб чорьяки пули тоқияҳоро аз даст медиҳам, — гӯён Қорӣ-ишкамба рафтан хост (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Шумораи 3/4-ро дар нутқ аз чор се ва ё сечорьяк гуфтан мумкин аст, 1/2-ро одатан ним ё нисф мегӯем.

Бо шумораҳои касрӣ ҳам шумораиҳои тахминӣ месозанд:

Ду-дуним километр роҳ рафта буданд, ки аз пеши онҳо чорраҳа баромад (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Чунон ки маълум аст, дар забони тоҷикӣ одатан, предмети

пешина
аз 457
навбатӣ