Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ва сифати феълии замони ҳозира аз асоси замони ҳозирафии феъл сохта мешаванд.

Асоси замони гузашта амали дар гузашта воқеъшударо мефаҳмонад ва бо шахси сеюми танҳои замони гузаштаи феъл баробар аст. Масалан: афтид, борид, гуфт, дод, монд, навишт, омад, шунид ва м. инҳо.

Замони гузаштаи наздик (гузаштаи оддӣ), гузаштаи ҳикоягӣ, баъзе шаклҳои ифодаи замонӣ ва сиғавӣ аз асоси замони гузаштаи феъл сохта мешаванд.

Асосҳои феълӣ аз ҷиҳати дучор шудан ё нашудан ва табдили овози ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.

Ба гурӯҳи якум феълҳое дохил мешаванд, ки ҳангоми аз асоси феълии замони ҳозира ба асоси феълии замони гузашта гузаштан дар онҳо табдили овоз ба вуҷуд намеояд. Ин гурӯҳ феълҳо миқдоран каманд. Масалан:

Асоси замони ҳозира Асоси замони гузашта

бор борид
боф бофт
дав давид
ист(о) истод
кан канд
куш кушт
кушо кушод
кӯш кӯшид
лес лесид
мур мурд
нӯш нӯшид
пӯш пӯшид
фирист фиристод
хон хонд
хурӯш хурӯшид
хӯр хӯрд
часп часпид
шикоф шикофт
шукуф шукуфт
ҷӯш ҷӯшид

Гурӯҳи дуюми феълҳо миқдоран зиёд аст. Ба ин гурӯҳ феълҳое дохил мешаванд, ки ҳангоми аз асоси замони ҳозира ташкил кардани асоси замони гузашта табдили овоз рӯй медиҳад. Бештар бадалшавии ҳамсадоҳо ва гоҳо табдили садонокҳо ба вуҷуд меояд:

  1. Ҳамсадои з ба х бадал мешавад:

андоз андохт
андӯз андӯхт
афрӯз афрӯхт

пешина
аз 457
навбатӣ