Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Тобишҳои махсуси шаклҳои тасрифӣ ва ифодаи
шахсу шумора

Дар тарзи тасрифи феълҳо ва ифодаи шахсу шумора бо бандакҳои феълӣ хусусиятҳои зерин ҳамчун қоидаи забони тоҷикӣ ба эътибор гирифта мешаванд:

  1. Баъзан дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ ба ҷои бандаки феълии шахси якуми танҳо (-ам) вобаста ба фоил (мубтадо) бандаки шахси якуми ҷамъ омада, тобишҳои махсуси услубиро ифода мекунад. Чунончи:

Мо метавонем, ки соли таваллуди Саъдиро бо қиёси як сухани худи ӯ бо тахмине, ки аз ҳақиқат бисёр дур набошад, муайян намоем (С. Айнӣ, аз «Мухтасари бӯстон»). Мо ба ин фикри муаллиф низ ҳамроҳ шуда наметавонем ...
(А. Мирзоев, Сайидо ва мақоми ӯ...).

Дар ин мисолҳо (мо метавонем, мо... ҳамроҳ шуда наметавонем) ҷонишин ва бандаки феълии ҷамъ ба ҷои танҳо омада, хоксорона ва бо эҳтиром сухан карданро мефаҳмонад.

  1. Бандаки феълии шахси дуюми ҷамъ (-ед) барои ифодаи ҳурмат нисбат ба шахси дуюми танҳо низ кор фармуда мешавад. Дар ин тарзи ифода ҳам бандаки феълӣ бо фоил (мубтадо) мувофиқат дорад, дар муомилот серистеъмол аст ва дар адабиёт низ айнан истеъмол меёбад. Масалан:

Шумо ҳанӯз ҷавон ҳастед, аз дастатон корҳои бисёр меояд, — гуфт ба Ситора (Ҷ. Икромӣ, Ситора). Ин тавр бошад, барои чӣ шумо дафъаи гузашта бо ман базӯр... хайру маъзур кардед? Ё аз ягон кори ман хафа шудед-мӣ? (С. Улуғзода, Навобод). Раиси колхозамон рафиқ Бобокалонов-чӣ, он вақт раиси иттифоқи камбағалон буданд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Ман шуморо шинохтам, доктор.
Роҳи Тирмизро ба ёд оред.
Ман надорам дарег хизмати худ
Аз шумо, дӯст, майл агар доред.
(М. Турсунзода, Ҳасани аробакаш)

  1. Бандаки феълии шахси дуюми ҷамъ -етон асосан ба нутқи гуфтугӯӣ хос буда, бештар бо шакли ҷонишини шумоён, шумоҳо ва баъзан бо шумо мувофиқат карда, шумораи ҷамъро ифода мекунад. Дар сурати бе фоил омаданаш ҳам мазмунан бо ҳамин шаклҳои ҷонишин мувофиқат дорад. Масалан:

Хайр, бачаҳо, шумо гап зада шинетон, ҳолпурсӣ кунетон (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Хезетон, зуд бошетон, вақт нагузарад (С. Айнӣ, Дохунда). Хуб оламу одами бисёрро дида омадетон-мӣ? Ба Москва-ку даромадетон, рафта Ленин-бобоятро дидӣ-мӣ? (Ҳ. Карим, Оқшуда).

пешина
аз 457
навбатӣ