Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
-
Баъзан бандаки феълии шахси сеюми ҷамъ -анд (-янд) барои ифодаи эҳтиром нисбат ба шахси дуюми танҳо (ба ҷои -ед) кор фармуда мешавад. Ин ҳол дар муомилаи расмии гуфтугӯӣ ва хаттӣ ба услуби махсус воқеъ мегардад. Масалан:
Кани, марҳамат кунанд, аз боло гузаранд... бифармоянд... Пурсидан айб надорад, тақсирамон аз кадом қишлоқ мешаванд? (Ҳ. Карим, Оқшуда). -
Бандаки феълии шахси сеюми ҷамъ -анд (-янд) барои ифодаи шахси сеюми танҳо бо ду тобиши маъноӣ истеъмол мешавад: якаш, бештар барои ифодаи ҳурмат ба шахси танҳо. Масалан:
Воқеан, саркор хеле гапи ҳақро гуфтанд...— марҳамат, раис, биёед, ...шинос шавед, рафиқ Воҳидов, фронтовик, капитан, ҳозир мудири маорифи райони мо таъин шуда омаданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ана аз паси ин ҳамин шавҳарам ҳамеша дар хонаанд ва корҳои майда-ҷуйдаро карда мешинанд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Дигараш, барои ифодаи ҳиссиёти ҳазлу шӯхӣ, кинояомез ва муносибати тамасхуромез нисбат ба шахси сеюми танҳо. Чунончи:
— Наход ки келиншавандаамонро ба ҳоли худаш монем,— бо шӯхӣ ҷавоб дод отун,— он кас эркаи ҳама, даст ба даст намерасанд (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя).
Дар ин ҷумла, махсусан дар таъбири «он кас... даст ба даст намерасанд» оҳанги ҳазлу кинояомез ҳаст. Оҳанги тамасхур дар чунин сухани дар ҳаққи Садаф гуфтаи дугонай ӯ хеле равшан ифода ёфтааст:
Ин кас акнун ба пеши ӯ рафта, Дар ароба савор мегарданд.
Аз паси дӯстдори хонабадӯш Ҳамадам соявор мегарданд.
(М. Турсунзода, Ҳасани аробакаш)
Ифодаи ин гуна тобишҳои маъноии кинояомез бо бандакҳои хабарӣ, яъне ба шакли феъли нақлӣ низ воқеъ мешавад. Дар ин ҳолат ҳам баъзе калима ва таркибҳо ба чунин тарзи баён ёрӣ мерасонанд. Масалан:
— Ана халос, боз шоири роҳбари сиёсии колхози «Коммуна» — котиби ташкилоти партиявии колхоз будаанд... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
- Дар феълҳои тасрифӣ бандакҳои феълӣ одатан шахсҳоро далолат мекунанд ва аз ин сабаб, чунон ки дар баъзе мисолҳои боло ва ҷумлаҳои зерин дида мешавад, ҷонишин чун фоил (мубтадо, субъект) зикр наёбад ҳам, вай ба воситаи бандакҳои феълӣ ифода мегардад:
Ягон рӯз апемро фиристонед, нағз мешавад (Ҷ. Икромӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё