Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
мафъул, намуди давомдор, замони гузаштаи дур ва ғ.) хизмат мекунанд. Қисми асосии ин гуна таркибҳои феълӣ аз феъл иборат бошад, ба шакли феъли ҳол меояд (ёридиҳандаи феъли таркибинии номи ҳамчунин), аммо феълҳои ёридиҳанда ба шакли тасрифӣ оварда мешаванд. Масалан:
Офтоби оламтоб ҳам... дар қабати абрҳо пинҳон шуда буд. — Саша ба кӯлмак чашм дӯхта буд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Он кас сиҳат шуда истодаанд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Боз диққа- ти ҳама ба тарафи хат кашида шуд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Бисёр дида мешавад, ки якчанд феъли ёридиҳанда паси ҳам дар як таркиби феълӣ меояд, ки ҳар кадоми он дорои вазифа ва тобиши муайяне мебошад. Чунончи:
Мӯе, ки ғунучин карда, ба қабзаи шона дода шуда буд, аз дарозиаш хабар медод. — Аз дусад нафар зиёда саворони мусаллаҳ... дар ялангии қишлоқ саф кашида истода буданд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Адади феълҳои ёридиҳанда аз ҳисоби феълҳои мустақил, ки дар сохтани шаклу таркибҳои феълӣ ҳамчун ёридиҳанда хизмат мекунанд, хеле меафзояд. Масалан, феълҳои тарки- бии масдарӣ бо ёрии гирифтан сохта мешаванд (хондан гир, навиштан мегирам, омадан гирифт, рафтан мегирифтааст ва ғ.). Ин гуна таркибҳо бо ёрии гирифтан давомнокии амал ва таъсиру ҳолатро ифода мекунанд:
Ба ҷои ин аз чашмонаш ашкҳо рехтан гирифтанд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Духтарча овози ӯро шунида, аз гирья бозис- тод ва хӯсида-хӯсида гоҳ ба Дарьяю гоҳ ба Давлат нигоҳ кардан гирифт (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Бо ёрии феълҳои додан (гуфта додан), гирифтан (навишта гирифтан), фиристодан (хандида фиристодан), мондан (ома- да мондан), рафтан (сурх шуда рафтан) ва амсоли инҳо феъл- ҳои таркибӣ ҳолӣ ба вуҷуд меоянд, ки хеле сермаҳсул ва серистеъмоланд:
Ман мактуби дуру дарозе навишта додам.— Кор аввал оҳиста-оҳиста давом намуд, баъд авҷ гирифта рафт.— Вақте ки ман ин ҳодисаро шунидам, аз хурсандӣ гирья карда фи- ристодам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Дар Бойсун аскарҳои мо ис- тода монданд (Ҷ. Икроми, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Хелҳои дигари чунин феълҳои ёридиҳанда ва тарзҳои гу- ногуни истеъмоли онҳо низ мавҷуд аст (ниг. Сохти феълҳо).
ФЕЪЛҲОИ МОДАЛӢ
Як гурӯҳи махсуси феълҳои ёридиҳандаи забони тоҷикӣ бо маънои луғавӣ ва моҳияти грамматикии худ муносибати ба воқеият доштаи мазмуни суханро ифода мекунанд ва аз ин ҷиҳат дорои тобишҳои сиғавӣ мебошанд. Ба ин маъно ин гуна феълҳои ёридиҳанда «феълҳои модалӣ» низ номида ме- шаванд, ки инҳоянд: тавонистан, хостан, боистан, шоистан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо