Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Хусусияти фарқкунандаи ин феълҳои ёридиҳанда дар феълсозӣ ва ифодаи синтаксисии онҳо зоҳир мешавад. Феълҳои тавонистан ва хостан дорои шаклҳои аорист, замони ҳозира-оянда ва шаклҳои асосии замони гузашта буда, аммо шаклҳои тарз надоранд.
Феълҳои боистан ва шоистан таърихан ба тағйироте дучор шуда омадаанд ва дар забони ҳозира танҳо шаклҳои ҷудогонаи онҳо истеъмол меёбад.
Феъли тавонистан дар таркибҳои гуногуни феълӣ ва синтаксисӣ омада, имконпазир будан ё набудани иҷрои амалро ифода мекунад.
Сиғаи серистеъмоли таркиби феълӣ бо ин ёридиҳанда чунин аст, ки феъли асосӣ дар ҷои якум ба шакли феъли ҳол (сифати феълии замони гузашта) ва феъли тавонистан дар ҷои дуюм ба ягон шакли тасрифӣ меояд, масалан: хобида тавонистан, дода тавонистан, истода тавонистан, ёрӣ дода тавонистан, тоқат карда тавонистан, ҷамъ карда тавонистан, навишта гирифта тавонистан, ба охир расонда тавонистан ва ғ.
Душман ба фишори ин қӯшуни беяроқ тоб оварда натавонист (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ҳа, табиати мамлакати мо ба ҳадде зебо шудааст, ки кас аз тамошои он чашм канда наметавонад (А. Деҳотӣ, Куллиёт, Ҷ. III). Ин мард аз он одамоне набуд, ки пиёда ё савора ба сари ин кӯҳ баромада тавонад (С. Айнӣ, Дохунда). Мактабҳои усули қадимаи мо он донишеро, ки мо мегӯем, дода наметавонанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Дар ин гуна таркибҳои феълӣ пас аз тавонистан омадани феъли дигари ёридиҳанда (масалан, будан ва истодан) низ мумкин аст. Дар он сурат феъли тавонистан низ шакли феъли ҳолро мегирад:
Барои ҳамин шариқон аз кор даст кашида натавониста истодаанд. — Дар он ҳавлӣ... ба ғайр аз боз як манзилбошӣ, ки на тотор, на арманӣ будани ӯро то ҳанӯз Коваленко дуруст ҷудо карда натавониста буд, худи ҳӯҷаини ҳавлӣ, тоҷики аёлманд зиндагӣ мекард (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Баъзан дар ин хел таркибҳо (бештар дар назм) феъли асосӣ ба шакли масдари пурра меояд:
Дарёи азимем, ки бастан натавонӣ!
Аз сарҳади хуршед гузаштан натавонӣ!
(М. Раҳимӣ, Гузаштан натавонӣ)
Лекин ин майли охирини туро
Ҳеҷ кардан наметавонам адо.
(М. Турсунзода, Арус аз Москва)
Таркибҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо феъли тавонистан пеш аз феъли асосӣ меистад ва шаклан асоси замони ҳозира

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо