Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
овози сурнаи пешоҳангон ва суруди онҳо расид (А. Деҳотӣ, Қуллиёт, ҷ. III). Маълум шуд, ки маро намешинохтаед? (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Феълҳое, ки дар сохтани шаклу таркибҳои феълӣ иштирок карда, барои ташкили категорияҳои феъл ва ифодаи вазифаву маънои таркибҳои феълӣ хизмат мекунанд, феълҳои ёридиҳанда ном доранд.
Дар забони ҳозираи тоҷик шакли таркибии феълҳо хеле инкишоф ёфтааст ва чунин шаклҳои феълӣ қисми муҳими феълро ташкил медиҳанд. Аз ин ҷиҳат адади феълҳои ёридиҳанда зиёд, доираи вазифаи грамматикиашон васеъ ва тобиши маъноии онҳо гуногун мебошад.
Феълҳои таркибӣ ва таркибҳои феълӣ аз ду қисм иборат: қисми асосӣ (соҳибмаъно), ки маънию мафҳуми асосиро ифода менамояд ва қисми ёридиҳанда, ки барои адои вазифаҳои грамматикӣ ва ифодаи тобишҳои маъноӣ хизмат мекунад. Қисми асосии феълҳои таркибӣ ва таркибҳои феълӣ аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ (феъл ва ҳиссаҳои номӣ), вале қисми ёридиҳанда ҳамеша аз феъл иборат мебошад. Қисми асосӣ вобаста ба мазмуну мақсади сухан тағйир ёфта меистад, аммо қисми ёридиҳанда бетағйир мемонад.
Феълҳои кардан, намудан (ба маънои кардан), шудан, гардидан (гаштан), сохтан ҳамчун ёридиҳанда феъли таркибии номӣ месозанд, ки қисми асосии ин гуна феълҳои таркибӣ аз ҳиссаҳои номии нутқ иборат аст: сӯҳбат кардан, кор кардан, тайёр намудан, хоҳиш намудан, озод шудан, сурх шудан, омода гардидан, намудор гаштан, муҳайё сохтан ва м. ин.
Тилмоч ин суханҳоро тарҷума намуда, илова кард, ки роҳи ягонаи аз ин азобу уқубат халос шудан ҳамаи айбро ба гардани солдат бор кардан аст (Р. Ҷалил, Шӯроб). Гоҳо (Ҳамида) бекор монад ҳам, ба зеҳбофӣ машғул мегардид... (А. Деҳотӣ, Қуллиёт, ҷ. III).
Аз феълҳои ёридиҳанда кардан, намудан ва шудан дар феълсозӣ хеле сермаҳсул ва серистеъмол буда, феълҳои гардидан (гаштан), сохтан, додан, кашидан ва ғ. нисбатан камистеъмол мебошанд:
Ҳар гоҳе ки падараш дар хотираш меомад, оҳ мекашиду гирья мекард, лекин модараш бо ҳар гуна суханҳои ширин ва бозичаҳо тасаллӣ медод (А. Деҳотӣ, Қуллиёт, ҷ. III).
Дар назари ӯ ҷилва созад гоҳ-гоҳ
Аз ақиби пардаи абри сиёҳ.
(М. Турсунзода, Дар ёди кас)
Феълҳои ёридиҳандаи будан, истодан, гаштан, шудан ва ғ. дар таркибҳои гуногуни феълӣ омада, барои ташкили шакл ва ифодаи категорияҳои грамматикии феъл (тарзи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ