Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
бо префикси ме- оварда мешавад. Дар ин сурат феъли тавонистан чун феъли бешахс омада бошад, феъли асосӣ бештар ба шакли масдари мухтасар (баробари асоси замони гузашта) ва баъзан ба шакли масдари пурра меояд:
Маҷлис ҳам ҳисоботӣ буду ҳам метавон гуфт, маҳфили адабӣ (Садои Шарқ).
Метавон баст роҳи дарёро,
Роҳи реги равони саҳроро.
Натавонад, ки кас шавад монеъ
Роҳи пурҷӯши ишқи дилҳоро.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Дар чунин таркиб ба шакли тасрифӣ (дар айни ҳол номуайяншахс) омадани феъли тавонистан ва ба шакли масдари мухтасар (гоҳо масдари пурра) омадани феъли асосӣ низ дида мешавад:
Метавонӣ ба риштаҳои сулҳ
Хонадони ҷаҳониён пайваст.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Ба шакли тасрифӣ омадани ҳар ду қисми таркибии феълӣ низ серистеъмол аст: метавонам гӯям, метавонед нависед, метавонистам гӯям ва ғ. Чунин таркиб бештар хусусияти синтаксисӣ дорад ва аз ин рӯ дар ҷумлаи мураккаб аз ҳам ҷудо шуда, феъли ёридиҳанда зоҳиран ба сифати феъли асосӣ меояд. Дар айни ҳол феъли ёридиҳанда, қатъи назар аз мавқеъ ва шакли тасрифии худ, ба шакли аорист омадани феъли асосиро талаб мекунад. Чунончи:
Вай қариб то ними шаб наметавонист аз хона барояд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Шодӣ метавонист ба Мария телеграмма диҳад, аммо накард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Метавонам, ки ман баён бикунам
Қиссаҳои Халиҷи Форс ин дам.
(М. Турсунзода, Кулоҳи профессор Ахвледиани)
Феъли хостан изҳори майлу хоҳиши мансуб ба амалро мефаҳмонад. Ин феъл бо баъзе хусусиятҳои таркибсозии худ ба феъли тавонистан шабоҳат дорад ва дар баъзе бобатҳо аз вай фарқ мекунад.
Феъли хостан дар ҳамаи таркибҳо ба шакли тасрифӣ меояд. Вай ба шакли аорист пеш аз масдари мухтасар омада, феъли замони ояндаи дур месозад:
Буржуазӣ гар биҷангад, мо зафар хоҳем кард (А. Лоҳутӣ, Мо зафар хоҳем кард). Заҳро тасаввур карда наметавонист,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо