Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ки чӣ тавр бо Алии... дар як хона зиндагӣ хоҳад кард ва дар як болин сар хоҳад монд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Дар бисёри таркибҳои феълӣ феъли асосӣ ба шакли масдари пурра ва феъли хостан бевосита пас аз он ба шаклҳои гуногуни тасрифӣ меояд:

Собир... почаҳои худро молида-молида базӯр рост шуд ва ба тарафи роҳрави ҳавлии дарун нигоҳ карда рафтан хост (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳозир ман ба ту на ҳамчун командиру итоаткор, балки ҳамчун фарзанди як қишлоқ гап задан мехоҳам (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Феъли хостан низ дар ҷумлаҳои мураккаб аз таркиб ҷудо мешавад. Дар ин ҳол вай одатан дар сарҷумла омада, монанди феъли тавонистан, дар ҷумлаи пайрав шакли аористи феъли алоқамандро талаб мекунад:

Собир қаланд ва ҷорӯбро гирифта хост, ки биравад (С. Айнӣ, Дохунда). Пеш аз сар шудани маҷлис мехостем, ки як чизро пурсида гирем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Дар баъзе мавридҳо дар ҷумлаи мураккаб бар хилофи қоидаи мазкур феъли хостан бо феъли алоқаманд мувофиқати дигари шаклию маъмурӣ пайдо мекунад:

Об фаровон. Ҳар вақт хоҳем, бемалол, аз Вахш гирифтан мегирем (А. Деҳотӣ, Куллиёт, ҷ. III). Азбаски ман намехоҳам, ту ба вай намерасӣ (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Истеъмоли ёридиҳанда боистан аз ҷиҳати шакл хеле маҳдуд мебошад. Дар забони ҳозираи тоҷик асосан ду шакли ифодаи он маъмул буда, дар таркибҳои феълӣ ва синтаксисӣ аксар барои ифодаи таъкид, зарурат ва қатъияти мансуб ба иҷрои амал кор фармуда мешавад.

Шакли бояд (таърихан шахси сеюми танҳои аорист аз боистан) ҳоло хеле серистеъмол аст. Вай бо масдари мухтасари феъли алоқаманд (асосӣ) омада, феъли бешахс месозад.
Чунончи, ёридиҳанда пеш аз феъли асосӣ меояд:

Бе об чӣ бояд кард? Куҷо бояд рафт? (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ҳоло ин корро ҳатман, сарфи назар аз ҳамаи мушкилиҳои гӯшношунида бояд анҷом дод (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Бояд қайд кард, ки портреткаши жанри дӯстдоштаи Раҳимов аст (Садои Шарқ).

Ёридиҳанда дар байни феъли таркибии номӣ меояд:

Камбағаҳои ҷаҳонро муттаҳид бояд намуд,
Ҷанг бо ӯрдуи истисмор мебоист кард.
(А. Лоҳутӣ, Куллиёт)

Шакли бояд аз феъли алоқаманд дур шавад ҳам, барои ифодаи ҳамон тобишҳои асосии маъно хизмат мекунад. Дар ин сурат вай ҳам монанди феълҳои хостан ва тавонистан бо шакли аористи феъли алоқаманд мувофиқат дорад. Чунончи:
Аз Москва телефон карданд, ки бояд фардо ба пойтахт

пешина
аз 457
навбатӣ