Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

парвоз кунам (Садои Шарқ). Имрӯз, ки шумою Мушаррафа меҳмони азизи ман ҳастетон, бояд каме хурсандӣ кунем (Садои Шарқ). Ман бояд ба шумо як чизро гӯям (Садои Шарқ).

Ёридиҳандаи бояд вобаста ба шаклу мазмуни феъли асосӣ ва оҳанги сухан тобиши маъноии шарту эҳтимолро ифода мекунад:

Ако, шумо бояд маро ёфта мепурсидед (Садои Шарқ).

Махсусан дар таркибҳои бояд дар хона бошад, дар хона бояд бошад, бояд омӯхта бошад, бояд ором шуда бошад ва ғ. — дар ифодаи тобиши маъно ёридиҳандаи бояд бо шояд ҳамвазифа шуда мемонад.

Шакли мебоист нисбат ба бояд камистеъмолтар аст. Вай бо масдари мухтасар дар як таркиб омада, монандӣ бояд феъли бешахс ташкил медиҳад:

Сустию навмедӣ андар роҳи заҳматкаш хатост,
То нафас боқист дар тан, кор мебоист кард.

(А. Лоҳутӣ, Куллиёт)

Шакли мебоист низ аз феъли асосӣ дур шуда, бо он мувофиқати шаклӣ ва маъноӣ пайдо мекунад ва бештар бо тобиши ифодаи шарту зарурат меояд: Цементи ба канал даркорӣ мебоист дар як мураббаъ сантиметр 140 кило фишорро бардорад. — Мебоист ман баъд аз чанд рӯзи дигар аз хизмати ҳарбӣ озод шуда, ба қишлоқи худ бармегаштам. — Як одами хату саводнокро ёфтан даркор буд, ки вай мебоист гуфтаҳои Нарзиро ба рӯи коғаз менавишт (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Аз феъли шоистан дар забони ҳозираи тоҷик фақат шакли шояд (таърихан шахси сеюми танҳои аорист) истеъмол мешавад. Вай бо феъли асосӣ ҳампаҳлу омада метавонад: шояд равем, шояд омада бошанд, шояд иҷро шавад ва м. ин.

Ҳамчунин вай, монандӣ бояд, аз феъли асосӣ дур шуда ҳам метавонад. Дар ҳар ду сурат ҳам ёридиҳандаи шояд асосан бо шакли аористи феъли асосӣ мувофиқат карда, барои ифодаи маънои эҳтимолии амал ва пурқувват кардани он истеъмол меёбад:

Бо хаёли ин, ки шояд вай ҳам омада бошад, «элак баҳона, дидор ғанимат» гуфтагӣ барин ӯлаки падарашро ба сар гирифту «ба ҳавлии ҳамсоя меравам» гӯён ба кӯча баромад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Шояд маро фаромӯш карда бошед. — Шояд мо ду кас шуда оем (Садои Шарқ).

Мумкин аст, ки шояд бо шакли дигари феъли асосӣ (масалан, замони ҳозира-оянда) мувофиқат кунад, лекин тобиши маъноии он тағйир намеёбад: Шояд баъд аз ин амаки Муҳаммадмурод ҳам... аҷина барин аз чашм ғайб мезанад... (Садои Шарқ).

пешина
аз 457
навбатӣ