Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ЯК ГУРУҲ префиксҳои феълии забони тоҷикӣ бо феъл омада, шаклҳои грамматикӣ месозанд ва ба воситаи онҳо тобишҳои нави грамматикӣ ва услубии феълҳо ҳамчун инкор, замон, оҳангнокии сухан ва ғайра ифода меёбад. Ин гуна префиксҳо маънои аслии (лексикии) феълро тағйир дода наметавонанд ва бинобар ин префиксҳои шаклсоз номида мешаванд: на-, ме-, би-.

Префикси на-

Префикси на- ва ма- ба феъл ҳамроҳ шуда, шакли инкор (манфӣ) месозад ва нашудани кору ҳолеро мефаҳмонад: нарав, нагирад, надид, намеҷунбад, кор намефармояд.

Дар забони ҳозираи тоҷик шакли нормативии ифодаи инкор префикси на- мебошад. Вай бештар бо шаклҳои тасрифии феъл меояд. Дар феълҳои содда (феъли фармоиш, аорист, гузаштаи наздик, гузаштаи ҳикоягӣ, шакли нақлӣ) префикси инкорӣ дар аввал меояд:

Телефон накунед, мулоқот наҷӯед, мактуб нанависед, ба ҳар кас салому паём нафиристед (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Ӯ бача шуда давраи бачагиро наронду йигит шуда нашъаи ҷавониро намебинад (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар он хона лампа намегиронданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Аммо ин сангпушти бузурги раъдовоз ҳанӯз ба нимаи роҳ нарасидааст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

Дар феълҳои сохта ду тарзи истеъмоли префикси инкорӣ маъмул аст: дар феълҳое, ки бо префикси бар-, дар-, фур- сохта шудаанд, префикси инкорӣ аксар дар аввал оварда мешавад:

Шабҳо бисёр вақт аз хона намебаромад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Мардон ба пеши меҳмонҳо надаромад. — Савора аз асп нафуромад...

Дар баъзе феълҳои бо бар-, дар-, боз-, ва во- сохташуда префикси инкорӣ пас аз префикси феълсоз (бевосита пеш аз феъл) меояд: Дил барнагашт (М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб). Аммо ин ҳолат ӯрдуи фидокоронро бознадошт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Тир ба нишон барнахӯрд. Ҳарчанд задам, дарнагирифт, мон, ки равад. Барно дар ҷавоб дарнамонд...

Дар феълҳои таркибӣ ва таркибҳои феълӣ низ ду тарзи истеъмоли префикси на- маъмул аст. Дар феълҳои таркибии номӣ (ҳамчун сӯҳбат кардан, ёд доштан, тӯл кашидан...), феъли таркибии ҳолӣ (монандӣ навишта гирифтан, хонда додан, гуфта гирифтан...) ва феъли таркибии масдарӣ (амсоли хоҳам хонд, хоҳем дид, хондан гирифт, рафтан мегирифт...)

пешина
аз 457
навбатӣ