Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҷузъи тасрифии таркиби префикси инкории на- қабул мекунад:
Шумо гумон накунед, ки ҳар кадоми чашмаҳои дар ин чашмасор буда ба қадре сероб аст, ки як санг ё ним сангӣ осиёро мегардонад (С. Айнӣ, Дохунда). Худат медонӣ, ки ин хел корҳоро ман дӯст намедорам (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Дигар ин ҳунарманди номдор бо нақшу нигорҳои нав ба нав ихтироъкардаи худ мардуми гирду атроф ва дуру наздикро моту мабҳут нахоҳад кард. — Агар ҳар як гапро аз бехаш дониста нагирам, намемонам ва дилам ҳам қарор намегирад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Агар шумо дар нимрӯзӣ ба лаби ин ҷӯйча оед, аз тамошояш чашм канда наметавонед (С. Айнӣ, Дохунда).
Дар феълҳои замони гузаштаи дур, ки дар таркибашон ёридиҳандаи будан ҳаст ва баъзе феълҳои таркибии номӣ, ки феъли дигари ёридиҳанда қабул мекунанд, префикси инкорӣ на бо шаклҳои тасрифӣ, балки одатан бо шаклҳои ғайритасрифии феъл меояд:
Раиси колхоз бошад, ҳеҷ як гапи бемаънӣ ва бефоида нагуфта буд. — Имрӯз бедорхобӣ ба хола он қадар таъсир накарда буд. — Ман дигар гап назада истодаам (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Баъзе таркибҳои феълӣ, аз ҷумла таркибҳое, ки аз сифати феълӣ гирифта шуда, ёридиҳандаи будан қабул мекунанд, дар истеъмоли префикси инкорӣ дубаҳраанд: мумкин аст, ки вобаста ба мақсад ва ё услуби сухан префикс гоҳо бо шакли тасрифӣ, гоҳ бо шакли тасрифнашавандаи феъл ояд:
Чак-чақи ин ду кампир ҳаргиз адо шудани набуд (адо нашуданӣ буд). — Он замонҳо ҳанӯз колхоз ташкил нашудагӣ буд (Ҳ. Карим, Оқшуда), — ташкил шудагӣ набуд.
Ҳамин гуна тарзи истеъмоли префикси на- дар феълҳое низ дида мешавад, ки ёридиҳандаи бояд аз онҳо дур шудааст:
Фарзанд набояд аз гапи падару модар барояд (Ҳ. Карим, Оқшуда) — бояд набарояд. — Қайд кардан лозим аст, ки ин натиҷаҳо набояд моро хотирҷамъ кунанд (Тоҷикистони советӣ) — бояд хотирҷамъ накунанд...
Баъзан дар ҷумлаи мураккаби тобеъ феълҳо танҳо бо шакли инкорӣ (манфӣ) мувофиқат мекунанд:
Мабодо шӯрбо нашавад, ки ман намехӯрам... (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Аммо дар баъзе ҷумлаҳои содда ва мураккаб бо феълҳо такроран омадани пешванди на- мантиқан маънии мусбат (тасдиқ)-ро ифода мекунад, яъне ду шакли инкории (манфии) феъл барои ифодаи маънии як феъли мусбат меояд:
нагуфта наметавонам, яъне бояд гӯям, мегӯям; нагуфта (ногуфта) намонад, яъне бояд гуфта шавад; наомада наметавонам,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо