Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
яъне бояд биёям, меоям... Монанди ҳамин, дар ҷумлаи зерин ду инкор маънии тасдиқро медиҳад:
Ман ҳарчанд кардам, ки ба вай нигоҳ накунам, натавонистам (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Агар инкори иҷрои амал ё ҳолате бо таъкиди такрор қайд карда шавад, ҳиссаҷаи инкории на-на бо шакли мусбати феъл меояд, ки дар мавриди худ моҳиятан ба як шакли инкории феъл баробар аст:
Дигар на аз он ашкони фаровон дарак буд ва на аз он ҳазинӣ ва нармгӯй (Ҳ. Карим, Оқшуда) — дигар аз он ашкони фаровон ва аз он ҳазинӣ ва нармгӯй дарак набуд.
Дар назм ва баъзе зарбулмасалу мақолҳо дар шакли амрии феъл гоҳо ба ҷои префикси на- кор фармудани ма- низ мушоҳида мешавад:
Он чӣ ба худ написандӣ, ба дигарон маписанд (мақол).
Аз гунҷишк (чумчуқ) тарзӣ — арзан макор (зарб.).
Ту дигар аз диёри мо марав ҳеҷ,
Дигар бо муфлисӣ ҳамдам машав ҳеҷ.
(М. Миршакар, Қишлоқи тиллоӣ)
Префикси ме-
Префикси ме- ба асосҳои феълӣ ҳамроҳ шуда, шаклҳои замонии феъл месозад.
Бо ин префикс аз асоси замони ҳозира шакли замони ҳозира-ояндаи феъл сохта мешавад:
Алҳол дар техникуми хоҷагии қишлоқ мехонад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ба Шӯроб меравем (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар гирду атроф ким-чӣ хел одамҳои ношинос мегарданд, воқеанависӣ мекунанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Охир, ӯро панҷоҳудусола мегӯянд-ку! (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Дар назм гоҳо бо префикси ме- омадани шакли амрии феъл (шахси дуюми танҳо) низ дида мешавад. Чунончӣ:
Чӣ хуш гуфтаст як донои асрор,
Ба гуфтори хуши ӯ гӯш медор!
(С. Айнӣ)
Қаламо, хизмати синон мекун,
Синаи хасмро нишон мекун!
(О. Лутфӣ)
Префикси ме- бо асоси феълии замони гузашта омада, шакли замони гузаштаи ҳикоягӣ месозад, ки он давомнокӣ ва мӯлкаратии иҷрои амалро мефаҳмонад ва тобишҳои дигари маъноиро ифода мекунад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо