Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Гову гӯсола ва гӯсфандон аз чаро бозмегаштанд. Духтаракон... подаро истиқбол менамуданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар кӯча онҳо хомӯш, ҳар кадом ба фикри дарди худ, пасу дунбол роҳ мегаштанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Аз ҳамин шакли феълӣ феъли замони гузаштаи ҳикоягии нақлӣ ба вуҷуд меояд (мехондай, мерафтааст...): Ҳеҷ гап не, ба тракторчиҳо мукофот оварда медодаанд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Ҳозир дар он ҷо дар кадом колхоз деҳқонӣ мекардааст (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Сифати феълии аз асоси замони гузашта бо префикси месохташуда низ дорои мафҳуми давомнокӣ ва мӯлкаратӣ мебошад:

Чизҳои мехӯрдагӣ аз гандум, ҷав, арзан... ҳосил мешаванд (С. Айнӣ, Таҳзиб-ус-сибъён).

Префикси ме- дар феълҳои содда пеш аз асос, дар феълҳои сохта аксар пеш аз префикси феълсоз ва дар баъзе феълҳо пас аз префикси феълсоз меояд:

Савораҳо торафт ба боло мебаромаданд. (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Чархи таърих ба қафо барнамегардад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Шакли қадимии префикси ме-, ки дар забони адабии пешина серистеъмол буд, ҳаме мебошад. Ин шакл дар вақташ зарфи мустақил буда, зарфи ҳамеша таърихан бо вай алоқаманд будааст. Шакли ҳаме вобаста ба чунин хусусияти таърихиаш чун префикс бо феъл овемад ва ҳамчунин аз феъл канда шуда, чун ҳиссача пеш ва ё пас аз феъл кор фармуда мешуд:

Ҳамегуфт ҳар кас, ки ин Рустам аст? (Фирдавсӣ). Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме (Рӯдакӣ). Яке аз мулуки Хуросон Султон Маҳмуди Сабуктагинро ба хоб дид, ки ҷумлаи вуҷуди ӯ рехта буд ва хок шуда магар чашмони ӯ, ки ҳамчунон дар чашмхона ҳамегардид ва назар ҳамекард...

Дар забони ҳозира префикси ҳаме- фақат дар назм меояд, вале камистеъмол аст:

Паррандаҳои нағзхон ҳамераванд ин замон
Бурун зи ошёнашон ба сӯи марғзорҳо.
(Ҳ. Юсуфӣ)

Префикси би-

Префикси би- (бу-) низ шаклсоз буда, маънии аслии феълро тағйир дода наметавонад. Вай дар тарзи ифодаи феъл як навъ тобиши оҳангнокии адабӣ-китобӣ мебахшад, ки он дар назм ба баъзе қоидаҳои бадеият ва дар наср ба оҳанги гуфтор

пешина
аз 457
навбатӣ