Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ёридиҳандаи кардан ва ҳаммаънои он намудан сохта мешавад: иҷро кардан (намудан), хурсанд кардан (намудан), даъват кардан (намудан), тайёр кардан (намудан) ва м. ин.

Феълҳои бевосита ва бавосита

Феълҳо аз ҷиҳати воситаи иҷрои амал ва муносибати бо он доштаи фоилу мафҳул бевосита ва бавосита мешаванд:

Агар ҳар як колхозчизан ва духтар монанди Озода кор кунад, хонад, хононад, ин колхози пешқадами мо дар Тоҷикистон ҷои якумро мегирифт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Давлат Ҷамиларо бардошта, ба боми заминкан баромада, ӯро ба палос нишонду аз хона тухмбирьён ва ширро бароварда ба Ҷамила хӯронд ва худаш ҳам хӯрд (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Чунон ки дида мешавад, дар ин мисолҳо маъно ва муносибати грамматикии феълҳои хонад ва хононад, хӯрд ва хӯронд як хел нест: яке ҳамчун феъли бевосита, дигаре ҳамчун феъли бавосита омадааст.

Феълҳои бевосита аз тарафи фоил (субъект) барои худи фоил воқеъ шудани амалро мефаҳмонанд. Ба ин гурӯҳ ҳам феълҳои монда дохил мешаванд, ҳам феълҳои гузаранда. Чунончи:

Акбар дар суфачаи дарвозахона нишаст (Р. Ҷалил, Шӯроб). Аҳмадбек ба қафо нигарист (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Фурсате гузашту Ҷамилай дар рӯи ҷоғаҳ хамзёзаю дарозкашида чашмакони сиёҳашро пӯшид (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Феълҳои бавосита ё барои мафҳул воқеъ гардидани амал ва ё ба воситае иҷро шудани амалро мефаҳмонанд.

Шаклҳои бавоситаи феъл бо роҳи ба асоси замони ҳозира ҳамроҳ кардани суффикси -он (-ён) сохта мешаванд. Ҳамаи феълҳои бавосита феълҳои гузаранда мебошанд ва онҳо моҳиятан ду гурӯҳанд.

Гурӯҳи якуми феълҳои бавосита аз феълҳои монда сохта мешавад, монанди: рафтан — равондан, ҷунбидан — ҷунбондан, афтодан — афтондан, гузаштан — гузарондан ва г.

Аксарияти феълҳои бавоситаи гурӯҳи якум маҳз барои мафҳул воқеъ шудани амалро мефаҳмонанд ва ба ин восита хусусияти гузарандагии ин гуна феълҳо бо роҳи таъкид қувват мегирад. Масалан: гузаштан — гузарондан, афтодан — афтондан, кӯчидан — кӯчондан, нишастан — шинондан, гаштан — гардондан, хобидан — хобондан; ҷингирос задан — ҷингирос занондан, дер мондан — дер монондан, сайр кардан — сайр кунондан, дар ҳайрат (тааҷҷуб) мондан — дар ҳайрат (тааҷҷуб) монондан ва ғ.

Ман ҳам инро бе каму кост ба рӯи қоғаз кӯчонидам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Муҳаммадмурод... охирин ғолиби майдонро

пешина
аз 457
навбатӣ