Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
афтонид (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Ҳеч парво накарда миёнатро сахт банд, аз ҳамин сол дер намонон (С. Айнӣ, Дохунда). У... зангӯларо аз рӯи стол гирифта чин-гирос занонд (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Аз феълҳои омадан, зистан, будан, шудан бо суффикси -он шакли бавосита сохта намешавад (аз шудан гоҳо дар забони гуфтугӯ сохта шудани чунин шакл мумкин аст: шав — шавондан).
Гурӯҳи дуюми феълҳои бавосита аз асоси замони ҳозираи феъли гузаранда бо иловаи ҳамон суффикси -он (-ён) сохта мешавад. Ин гуна феълҳои бавосита тавассути каси дигар иҷро шудани амали фоилро мефаҳмонанд, яъне амали шахси дигар ҳамчун натиҷаи амали фоил (субъект) воқеъ мегардад. Чунончи: хондан — хонондан, хӯрданд — хӯрондан, коридан — корондан, чидан — чинондан, бастан — бандондан, кандан — канондан, пурсидан — пурсондан, овардан — оварондан, фуровардан — фуроварондан, омӯхтан — омӯзондан, шинохтан — шиносондан, гирифтан — гирондан, навиштан — нависондан ва ғ. (ба маънии навиштан кор фармудани шакли нависондан хоси лаҳҷа аст, нормаи адабӣ нест).
Мисолҳо: ...имсол деҳқонони он ҷоро кор фармуда ҳамон заминҳоро гандум ва шолӣ корондам (С. Айнӣ, Дохунда). Аввал худамро ба ин дастаи калтакдорони сурх менависонам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ҳамаи чор абзоли зиндагониро муҳайё карда, ба илова онҳоро мехононанд, ҳарна меомӯзонанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Вай... дами гарме тайёр намуда, ба ҷону ҳоли меҳмононаш намонда, ба онҳо нимшокосагӣ хӯронд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ба котиб гуфтам, ки идорани шӯёнад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Феълҳои таркибии номии гузаранда ҳам бо суффикси -он айнан дорои ҳамин гуна хусусияти маъноӣ ва грамматикӣ мебошанд: қайд кардан — қайд кунондан, суст кардан — суст кунондан, қоил кардан — қоил кунондан, даъват кардан — даъват кунондан ва ғ.
Дар ин қабил феълҳои таркибии номӣ муайянкунандаи моҳияти грамматикии амал ҳиссаи номӣ не, балки феъли ёридиҳанда мебошад, ки бо суффикси -он (-ён) омадааст. Чунончи:
Офарин саркор, ҳамаро худатон ҳам қоил кунонидеду писаратон ҳам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Худ медонед, лекин зудтар фонаи кундаи дасту поямро сусттар кунонед, ки ҳеҷ тоқатам намонд (С. Айнӣ, Дохунда).
Баъзе феълҳои содда ва таркибии бавосита, ки аз феълҳои монда бо суффикси -он сохта шудаанд, аз ҷиҳати маънои грамматикӣ ба гурӯҳи дуюми феълҳои бавосита медароянд: давидан — давондан, рақсидан — рақсондан, шиштан — шинондан, гурехтан — гурезондан, гап задан — гап занондан ва м. ин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо