Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ғолибонро бо чашми адӯ нигоҳ мекард ва бо хашму ғазаб ба пеш сур менамуд, медавонд, мерақсонд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ман туро мегурезонаму ба қишлоқи худамон Чоркӯҳ гирифта мебарам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Мо ӯро цеғ занонида, чанд соат боз гап занонида вақти қиматашро мегирифтем (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Як хусусияти феълҳои бавосита ин аст, ки дар аксарияти онҳо дар шаклҳои гуногуни феълҳои замони гузашта пас аз суффикси -он (-ён) овози и пайдо мешавад. Вале чунин тағйири ҷузъии шакл ба маънӣ таъсир намекунад ва аз ин рӯ ҳар ду шакли феълҳои бавосита баробармаъно ва серистеъмол аст: расондан — расонидан, ёзондан — ёзонидан, рӯёндан — рӯёнидан, даргирондан — даргиронидан, гузарондан — гузаронидан, печондан — печонидан, паррондан — парронидан, гӯёндан — гӯёнидан, мубаддал гардондан — мубаддал гардонидан ва ғ. Чунончи, феълҳои бавоситаи ду ҷумлаи аввалро бо феълҳои бавоситаи ҷумлаҳои дигар муқоиса кунед:

Ман ҳар рӯз як соат вақтамро сарф карда, ӯро алифбо хонондам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вай... нишастагонро як аз назар гузаронду пас оҳистекак ба гап сар кард (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ӯ бо нӯги як чӯбчае, ки дар даст дошт, ҳар ҳарфро нишон дода, номи онро мерӯёнид (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна). Бачагон шабу рӯзашонро дар як ҷо мегузарониданд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Шабро шаб, рӯзро рӯз намегуфт, бо ғайрати калон кор мекард ва то метавонист аз замин ҳосили бисёр мерӯёнид (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Фотима... ба сӯи камера даст ёзонид (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

Тарзи фоилӣ ва мафъулии феъл

Тарзи феъл, ҳамчун категорияи махсуси грамматикӣ, бо феълҳои мондаву гузаранда ва бевоситаю бавосита алоқаманд буда, муносибати дар феъл аксъёфтаи байни фоил ва мафъулии амалро ифода мекунад. Дар забони тоҷикӣ ду тарзи феълӣ ҳаст: тарзи фоилӣ ва тарзи мафъулӣ.

Тарзи фоилӣ. Тарзи фоилӣ вобаста ба шаклу маънои феълҳо ҳаминро мефаҳмонад, ки иҷрокунандаи амал худи мубтадо (субъект) мебошад:

Ҳакимҷон ду чойник чой овард (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Дар ин ҳангом аз дур, аз дарае гирдбоди сахте берун омад (Р. Ҷалил, Шӯроб). Дар яке аз қишлоқҳои калон бо калтакдорони сурх маҷлис гузаронидам (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Дар ин мисолҳо мубтадоҳои грамматикӣ (Ҳакимҷон, гирдбод, ман) дар айни замон соҳиби амал ва таъсиру ҳолат

пешина
аз 457
навбатӣ