Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
(овард, берун омад, гузаронидам) мебошанд, байни мубтадою иҷрокунандаи амал фарқе нест.
Тарзи фоилӣ аз рӯи маъно ва шакли ифодаи феъл, яъне вобаста ба хусусияти феълҳои гузаранда ду хел мешавад: тарзи фоилии бевосита ва тарзи фоилии бавосита.
Тарзи фоилии бевосита нишон медиҳад, ки фоил (иҷрокунандаи амал) бевосита мубтадо шуда омадааст. Ин тарзи муносибати амал ва фоилу мафъул дар асл бо хусусияти феълҳои гузарандаи бевосита баробар аст:
Шарикон дар он маҷлис маблағи мазкурро сарф намуда, барои худ ва меҳмонони худ зиёфати миёнаҳолонае тартиб доданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Олими ҷавон ба наздикатараш расида салом гуфт, ӯ бо ним таъзиме алек гирифта, занҷири ба мехи соҳил андармон кардаашро кушод ва ба сари суккон баргашт (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Солдат аз киса каҷкордашро бароварда, нокро пора намуд (Р. Ҳалил, Шӯроб).
Тарзи фоилии бавосита, ки дар асл бо хусусияти феъли гузарандаи бавосита баробар аст, ба воситае иҷро шудани амали фоилро мефаҳмонад, яъне амали дигаре ҳамчун натиҷаи амали фоил (мубтадо) воқеъ мегардад. Чунончи:
Навоӣ дар бораи муаммо ба Мавлоно Камолиддин ва Мавлоно Шамсиддин китобҳо фармуда нависонд (С. Айнӣ, Алишери Навоӣ). Ҳоло ту рафта аз дӯкони баққолӣ нону ангур гирифта, ба бачаҳо бурда хӯрон (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Тарзи мафъулӣ. Тарзи мафъулӣ муносибати мураккаби байни фоил (мубтадо), мафъул (пуркунанда) ва феъл (амал ё ҳолат)-ро ифода мекунад. Дар тарзи мафъулии феъл фоили аслӣ (иҷрокунандаи амал) ҳамчун мафъул (пуркунандаи бавосита), мафъули аслӣ бошад, ба вазифаи фоил (мубтадо) меояд. Масалан, дар ҷумлаи зерин тарзи ифодаи мафъулӣ айнан аз рӯи ҳамин қоида воқеъ шудааст:
Муҳаббат ва самимияти ин пирони хушбахт беҳтарин мукофотест, ки ба вай аз тарафи халқ изҳор карда мешавад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). — Тарзи фоилии ин ҷумла: халқ ба вай изҳор мекунад.
Тарзи мафъулӣ ҳам вобаста ба шакл ва тобишҳои маъноии феълҳо ду хел мешавад: бевосита ва бавосита.
Тарзи мафъулии бевосита аз феълҳои гузаранда бо ёрии феъли шудан сохта мешавад. Дар ин гуна таркибҳо феъли асосӣ (ҷузъи якум) ба шакли феъли ҳол (сифати феълӣ) ва феъли ёридиҳандаи шудан (ҷузъи дуюм) ба шакли тасрифӣ омада, таркиби феълиро аз ҷиҳати грамматикӣ сурат медиҳад. Чунин сохт ва тарзи ифода вобаста ба хусусияти феълҳои гузарандаи бевосита нишон медиҳад, ки дар иҷрои амал воситаи дигаре ширкат надорад.
Мумкин аст, ҷузъи якуми тарзи мафъулии бевосита аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо