Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

феълҳои содда ё сохтаи гузаранда иборат бошад, мисли: шунида шуданд, дӯхта шуданд, фиристода шуданд, навишта шудан, гирифта шуданд, дода шуданд ва ғ.

Аз дур садои моторҳо, гулдуроси ба санг хӯрдани оҳанҳо шунида шуд.— Аз ҳар сӯ хониши паррандагон, аз дур садои чувчиви говрон — деҳқони заминрон шунида мешуд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Мактуб ба қоғази қадимии абрешимим навишта шуда буд, аз он бӯи атр меомад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Дар баҳори соли 1931 ман ҳам дар қатори рафиқони дигар сафарбар шуда, ба ноҳияҳои шарқии республикаамон фиристода шуда будам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Тамоми сохтмонҳои директивӣ бояд ба зери назорати махсус гирифта шаванд (Тоҷикистони Советӣ).

Ҷузъи якуми таркибҳои мафҳулии бевосита аз феълҳои таркибии номии гузаранда иборат шуда метавонад, ки бештар бо феъли ёридиҳандаи кардан ва қисман бо ёрии феълҳои дигар (мисли гардидан, гаштан, додан, сохтан ва ғ.) таркиб меёбанд. Шакли мафҳулии онҳо низ бо ёрии шудан сохта мешавад: тақдим карда шуданд, қурбон карда шуданд, таъмин карда шуданд, тайёр шуданд, бор карда шуданд, таъин шудан, бартараф гардидан, тартиб дода шуданд, барҳам дода шудан ва м. ин.

Тамоми чизҳое, ки барои ҷойгиршавӣ ва инкишофи ин меҳмони нав зарур буданд, дар вақташ ба бригадаи Тоҷибой саркори тақдим карда шуданд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Дар ним соат ширчой тайёр шуд (С. Айнӣ, Қуллиёт, ҷ. 1). Духтар дар қафои аробае менишаст, ки дар он, ба ғайр аз ӯ, як марди миёнсоли монанди чувозкунда ғафсу ғӯла, як зани фаранчидор, ду бачай хурдсол ва халтаҳои пури чизу чораҳо зич бор карда шуда буд (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Тарзи мафҳулии бавосита аз тарзи фоилии бавосита бо феъли ёридиҳандаи шудан сохта мешавад ва амали бо ягон восита иҷрошударо мефаҳмонад.

Агар тарзи мафҳулии бавосита аз феълҳои содда гирифта шуда бошад, ҷузъи якуми таркиби мафҳулӣ ба шакли маънои бавосита бо суффикси -он меояд: хондан — хонондан — хононда шуданд; шунавидан (шунидан) — шунавондан — шунавонда шуданд; чидан — чинондан — чинонда шуданд ва ғ.

Агар асоси тарзи мафҳулии бавосита аз феълҳои таркибии номии бо феъли ёридиҳандаи кардан сохташуда иборат бошад, феъли кардан (ҷузъи дуюми таркиб) бо суффикси -он ба шакли бавосита оварда мешавад: тайёр кардан — тайёр кунондан — тайёр кунонда шуданд; кабудизор кардан — кабудизор кунондан — кабудизор кунонда шуданд ва м. ин.

Соли ҷорӣ тамоми кӯчаҳои шаҳр асфальт ва атрофҳои он кабудизор кунонда шуд (Тоҷикистони Советӣ). Тамоми фаъолияти коммунистон ба иҷрои вазифаҳои навбатӣ нигаронда шуда буд (Маориф ва маданият).

пешина
аз 457
навбатӣ