Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Шаклу воситаҳои ифодаи тарзи мафҳулӣ. Тарзи мафҳулӣ бо чунин шаклу воситаҳо ифода меёбад:

  1. Агар дар тарзи мафҳулӣ зикри мафҳул (пуркунандаи бавосита, ки аслан кунандаи кор аст) лозим бошад, вай бо пешоянди таркибии аз тарафи ифода меёбад. Масалан: аз тарафи халқ, аз тарафи мардум, аз тарафи анҷуман, аз тарафи маҷлис ва м. инҳо:

Дар соли 1931 аз тарафи Комиҷроияи Марказии Тоҷикистон бо нишони Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудам. Дар соли 1935 ба муносибати юбилеи сисолагии фаъолияти адабиам аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон бо машинаи сабукрав мукофотонида шудам (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1).

  1. Агар фоил воситаи амал бошад, мафҳул бо пешоянди бо ва ё ба воситаи оварда мешавад:

Аммо бо кӯшиши сахт ва ҳарбиёнаи совдеп ва аскарони революсионӣ Россия онҳо аз доми амир халос карда шуданд (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Дар паҳлуи чап, дар он ҷое ки ду танки немис бо оташи зиддитанкӣ аз кор бароварда шуда буд, болои ҳам се танк пайдо шуд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ин журнал ва газета ба воситаи ташкилотҳои коммунистиони Бухоро дар ноҳияҳои Бухоро ба тарзи пинҳонӣ паҳн карда мешуданд (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1).

  1. Дар тарзи ифодаи мафҳулӣ зикр ёфтани мафҳул (пуркунандаи бавосита, ки фоили ҳақиқист) қоидаи ҳатмӣ нест. Дар забони ҳозираи тоҷик бе зикри мафҳул ифода ёфтани тарзи мафҳулии феъл серистеъмолтар мебошад. Мафҳул ба ягон шакл тасаввур карда мешавад. Чунончи:

Каланд тайёр шуд. Кор сар кардам (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Дар ҳамин асно дари кабинет аз берун кӯфта шуд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Шӯроб кайҳо хӯрда шуда буд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Зиёда аз 100 корхонаю цехҳои нави саноатӣ сохта шуданд (Тоҷикистони Советӣ).

  1. Агар дар шаклҳои мафҳулии аз феълҳои таркибии номии бо ёрии кардан сохташуда таъкиди маъноии мафҳулияти амал зарур бошад, дар таркиби тарзи мафҳулӣ феъли ёридиҳандаи кардан ба шакли феъли ҳол (сифати феълӣ) нигоҳ дошта мешавад. Чунончи: кӯтоҳ кардан — кӯтоҳ карда шудан; маълум кардан — маълум карда шуданд қурбон кардан — қурбон карда шуданд бор кардан — бор карда шудан; ғамхорӣ кардан — ғамхорӣ карда шуданд ва м. ин:

Ин таклиф даҳонакӣ буда, сабаби даъват ҳам маълум карда намешуд. Аммо мардум мегуфтанд, ки фармони ислоҳот эълон карда мешавад (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Духтар дар қафои аробае менишаст, ки дар он... халтаҳои пури чизу чораҳо зич бор карда шуда буданд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ҳамин ки эшон ба ҳавлӣ қадам монд, ба шарафаш як гӯсфанди бурдюкӣ қурбон карда шуд (С. Айнӣ, Дохунда). Вазифаи ватандӯстона водор менамояд, ки дар бораи беҳбудии тамоми

пешина
аз 457
навбатӣ