Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ватани социалистӣ аз сидқи дил ғамхорӣ карда шавад (Тоҷикистони Советӣ).

  1. Дар аксарияти ин гуна шаклҳои пурраи тарзи мафъулии феъл мавқеи феъли ёридиҳандаи кардан чандон пурқувват ва устувор нест. Бинобар ин дар мавриди худ бе феъли ёридиҳандаи кардан ифода ёфтани тарзи мафъулӣ мумкин аст ва он хилофи қоида намебошад. Масалан, дар чунин мавридҳо ба ҷои як шакли мафъулӣ (бо феъли кардан) истеъмоли шакли дигари он (бе феъли кардан) тамоман ҷоиз аст:

Бино карда нашуда будааст — бино нашуда будааст (сохта нашуда будааст): Мадрасаи Олимҷон дар аввал барои мадраса бино карда нашуда будааст (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1); равона карда шуд — равона шуд (нигаронда шуд): Диққати ҳама ба мо равона карда шуд (Ҳ. Карим, Оқшуда); дохил карда шудааст (дароварда шудааст); Албатта, барои таҳсил ва зиндагии талабаҳо як миқдор пул лозим мешавад, ки ҳамаи он дар ин нақша ва смета дохил карда шудааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Мавҷудияти шаклҳои мафъулии бе ёридиҳандаи кардан ва истеъмоли амалии онҳо нишон медиҳад, ки дар ин гуна шаклҳо ҳам мафҳум ва ҳам тобиши маъноии мафъулияти феъл нигоҳ дошта мешавад. Аз ин ҷиҳат шаклҳои тайёр шудан бо тайёр карда шудан, таъин шудан бо таъин карда шудан, чоп шудан бо чоп карда шудан ва ғ. баробармаъно мебошанд. Мисолҳои зерин ҳамин хулосаро тасдиқ мекунанд:

Замин тайёр шуд, падарам кишта дод.— Дар Бухоро мисли як қоида қории ҷамоа ҳамеша аз махдумони калон — муллозодагони калон — таъин мешуд.— Дар он ҷо болою поин ҳамагӣ даҳ дар ҳуҷра буд, ки онҳо аз хонаҳои тайёрро девор кашида тақсим намудан тайёр шуда будаанд (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1).

Истеъмоли чунин шаклҳои мафъулӣ (бе кардан) ҳатто ҳангоми бо пешоянди аз тарафи омадани мафъул (аслан фоили амал) ҷоиз мебошад: Ин асар дар соли 1926 бо харҷи ҳукумати Тоҷикистон дар Москва аз тарафи Нашриёти марказии халқҳои СССР нашр шуд.— Ман дар моҳи июни соли 1920 аз тарафи ташкилоти коммунистони Бухоро ба Тошкант даъват шудам (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1).

  1. Феълҳои таркибӣ ва таркибҳои феълӣ, ки ҷузъи якумашон аз сифати феълии замони гузаштаи феъли гузаранда бо суффикси -гӣ ва ҷузъи дуюм аз шакли тасрифии феъли ёридиҳандаи будан иборат аст, ба маънои тарзи мафъулӣ низ кор фармуда мешаванд, ки чунин шаклҳои ифода асосан хоси забони гуфтугӯӣ мебошанд:

Касе чурукӣ намекард, аммо ҳама чашмон ба бемор дӯхта шудаӣ буданд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Аз кисаи куртаи

пешина
аз 457
навбатӣ