Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
худ як даста калидро, ки ба як ресмон гузаронидагӣ буданд, баровард (С. Айнӣ, «Дӯҳунда»). Дар як тараф гаҳвора монда шудагӣ буд... Дар гаҳвора бачаи 9—10-моҳа баста шудагӣ буд (Ҷ. Икромӣ, «Шодӣ»).
Ёдоварӣ: Феъли ёридиҳандаи шудан на танҳо тарзи мафъулӣ месозад, балки гоҳо чун феъли мустақил меояд ва баъзан барои ифодаи тобишҳои гуногуни намудии тарзи фоилӣ низ хизмат мекунад. Ба ин маъно чунин шаклу таркибҳо тобиши фоилӣ доранд ва тамоман ба анҷом расидани амалро мефаҳмонанд: навишта шудан (навишта тамоми кардан), хонда шудан (хонда тамоми кардан), фош карда шудан (тамоман фош кардан) ва м. ин. Ин тарзи ифода ҳам бештар ба нутқи гуфтугӯӣ хос аст:
Ҳангоме ки хола «сирру асрори кассирро фош карда шуд, котиб монанди одаме, ки ба ин «фиребдиҳии» кассир тамоман бовар карда бошад, ...гуфт (Ҳ. Карим, «Оқшуда»). Зулайхо шартномаро навишта шуду ба ман нигоҳ кард (Ҷ. Икромӣ, «Шодӣ»). Расул тахтаро ранда карда шуду ба давраи устоҳо омада нишаст.
НАМУДҲОИ ФЕЪЛ
Феълҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ифодаи ҳадду ҳолати иҷрои амал, яъне лаҳзаи замонии иҷро, анҷом ва ё ҷараёни ҳаракату ҳолат гуногунмазмун мешаванд.
Баъд аз соате дубора дари обхона кушода шуд, боз касеро монанди буз ҳаво доданд ва дарро баста рафтанд (С. Айнӣ, «Дӯҳунда»).
Дар ин ҷумла феълҳои кушода шуд, ҳаво доданд, рафтанд лаҳзаҳои ҷудогонаи амал ва анҷоми онро мефаҳмонанд.
Дар ин гуна феълҳо баробари хотима ёфтани вақти амал натиҷаи он ҳам маълум аст.
Феъли шуда гузашт дар ҷумлаи зерин оғозу анҷоми амалеро мефаҳмонад, ки дар он мурури ҳодиса низ тасаввур карда мешавад:
Дар бригадаи Александр Комаров таҳти шиори «Мо ҳама коргаронем» дарси ленинӣ шуда гузашт («Тоҷикистони советӣ»).
Инчунин феълҳо ва таркибҳои феълие низ ҳастанд, ки вобаста ба сохту маънои худ иҷрои мӯлкаратӣ ва ё давомнокии амалро мефаҳмонанд ва дар онҳо ҷараёни ҳолату ҳаракат ифода меёбад. Чунончи: мешунидам, мехоҳанд, таҳсил дорад, омада истодааст, гуфтан гирифт, навиштан мегиранд ва м. ин. Мисол:
Аммо ҷӯраҳо ба тарзи эҳтиром ӯро Махсум ва ё Махсумҷон мегуфтанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Баъзеҳо тааҷҷуб мекарданд, ки солдати рус чаро ба русбача
261

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо