Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
либосҳои кӯҳистониёнро пӯшонда гирифта гаштааст (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ҳозир ман таълимоти Маркси Ленинро ёд гирифтам ва ёд гирифта истодаам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Вай дар давоми якчанд сол вазифаи мудири шӯъбаи маданиятро иҷро карда меояд (Маориф ва маданият).
Ҳамин тариқа, намуди феъл дар лаҳзаву ҳудуди муайян воқеъ шудани амал, ба анҷом расидани он ва ё дар ҳолати мӯлкаратӣ ва давомнокӣ воқеъ гардидани кору ҳолеро ифода мекунад. Вобаста ба ин феълҳо ба ду гурӯҳи намудӣ ҷудо мешаванд: феълҳои намуди мутлақ ва феълҳои намуди давомнок. Мазмун ва тобишҳои маъноии намудҳои феъл бо шаклҳои холиси феъл, ба воситаи аффиксҳо ва феълҳои ёридиҳанда ифода меёбанд.
Намуди мутлақи феъл ва воситаи ифодаи он
Феълҳое, ки дар лаҳза ва ҳудуди муайяни вақт воқеъ шудан ва ба анҷом расидани амалу ҳолати якқаратиро мефаҳмонанд, феълҳои намуди мутлақ номида мешаванд. Намуди мутлақи феълҳои забони тоҷикӣ асосан ба шаклҳои замони гузаштаи феъл тааллуқ дорад. Шаклу воситаҳои ифодаи намуди мутлақи феълҳо инҳоянд:
- Намуди мутлақ бо шаклҳои холиси феъл, бе ёрии воситаҳои иловагии грамматикӣ ифода меёбад, ки ба ин гурӯҳ феълҳои гузаштаи наздик ва нақлӣ дохил мешаванд: рафтам, фиристодӣ, омаданд, баромад, шунидааст, хандидаанд, рафтаанд ва ғайра:
Омаданд одамон гурӯҳ-гурӯҳ (М. Турсунзода, Хаёли хом).
Мошин ба рӯи суфакӯҳи Данғара баромад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Лекин ба хона даромада дид, ки мӯйсафед хобидааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Як рӯз радиои колхоз эълон кард, ки аз марказ олими зӯр омадааст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
- Феълҳои таркибии номӣ ба эътибори шакли замони гузаштаи наздик буданашон, ҳамчунин шаклҳои замони гузаштаи дур чун ифодакунандаи амали якқаратии қатъшуда ба гурӯҳи намуди мутлақ дохил мешаванд. Масалан: такя кардам, ҳозир шуд, гуфта буд, гирифта буданд ва м. ин:
Бибиоиша ҳамон ҷавоби сохтаеро, ки Одина дар вақти рафтанаш ба ӯ омӯхта буд, ба ёд овард ва гуфт (С. Айнӣ, Одина). Ҷонишини шумо нағз ғайрат карданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Инак, шумо ёри худро интихоб кардед, бахти худро ёфтед (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Баъзе феълҳои таркибии номӣ вобаста ба маънои луғавии ҳиссаи номии худ як навъ тобиши давомнокӣ дошта бошанд ҳам, он дар ҳудуди муайян воқеъ шуда хотима меёбад

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо