Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ва ба мафҳуми давомнокии грамматикӣ дахл надорад. Шаклҳои замони гузаштаи наздик, гузаштаи нақлӣ ва гузаштаи дури ин гуна феҳлҳо низ ба гурӯҳи намуди мутлақ дохил мешаванд, масалан: чақ-чақ кардем, сӯҳбат кардааст, ҳикоя карда буд, сарсон шудем, саргардон шудааст, овора шуда буданд, ба роҳ даромадаанд, давом кард ва м. инҳо.

  1. Агар префикси би- (бу-) бо феҳли замони гузашта омада бошад, якқаратии амал ва намуди мутлақи феҳлро таъкид мекунад. Аммо дар забони ҳозираи адабӣ барои таъкиди намуди мутлақ ба ин гуна феҳлҳо ҳамроҳ кардани префикси би- шарт нест:
    Зан хамирро аз корсон ба суфраи мешӣ андохта печонд ва аз болояш як ҷомаи пахтадорро ҳам бипӯшонид (С. Айнӣ, Дохунда).

Аслан дар ифодаи намуди мутлақи феҳл байни шаклҳои бихобид, бипӯшонид, бимолид ва хобид, пӯшонид, молид тафовуте дида намешавад.

  1. Маънои намуди мутлақ ва тобишҳои гуногуни он дар шаклҳои замони гузаштаи (ғайри давомдор ва мулкаратии) феҳлҳои таркибии ҳолӣ ифода меёбад. Ин гуна феҳлҳои таркибӣ ба воситаи чунин феҳлҳои ёридиҳанда сохта мешаванд: гузаштан (маҷлис шуда гузашт), шудан (китобхо хонда шудам), рафтан (бемор сиҳат шуда рафт), баромадан (мақоларо хонда баромадем), мондан (вай омада монд), гирифтан (шеърро навишта гирифтааст), додан (мактубро хонда дод), фиристодан (Рашид хандида фиристод) ва ғайра.

Феҳлҳои ёридиҳандаи мазкур дар феҳлҳои таркибии ҳолӣ бо тобишҳои гуногуни маъноӣ ва услубӣ омада, комилан ба анҷом расидани амалро мефаҳмонанд ва аз ин рӯ ҳамчун воситаи ифодаи намуди мутлақи феҳл хизмат мекунанд. Мисолҳо:

Дар ин ҷо маҷлиси... ташкилоти ибтидоии партиявии беморхонаи район шуда гузашт (Маориф ва маданият). Шодӣ як саҳифаи газетаро тамоман хонда шуда буд, ки хурӯсҳо ба ҷеғи дуюм даромаданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Вай акнун ошро зирбак карда буд, ки аз берун Асо танҳо даромада омад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Дар ҳамин фурсат «дуои қунут» — хонии домулло ҳам фаромӯш шуда рафт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Замони нотинҷ шуда монд.— Ҷамила қомати баланду базеби худро рост карда, ба хона даромада рафт (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Азбаски дар шаклҳои замони ҳозира (ҳозира-оянда) ва
замони ояндаи феъл (аорист, амр, ояндаи дур) аз қатъияти
анҷоми амал дида маънии номуайянии ҳангоми иҷро ва натиҷаи он ва дар баъзе аз онҳо давомнокии амал бештар ифода меёбад, ин гуна шаклҳои феълӣ умуман ба категорияи
намуди мутлақ мансуб нестанд. Лекин гоҳо вобаста ба мазмуну оҳанги гуфтор, бо ёрии калимаҳои ифодакунандаи маънии

пешина
аз 457
навбатӣ