Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

конкретии замон (монандӣ сол, рӯз, соат...) ва таъкидкунанда (мисли ҳатман, албатта, бояд...) баъзе аз ин шаклҳои феълӣ амалан маънои мутлақ пайдо карда, ба намуди мутлақ наздик мешаванд. Аз ҷумла шакли замони ҳозира-оянда, ки дар мавридаш маънои гузаштаи нақлиро ифода мекунад, низ ба ҳамин гурӯҳ дахл дорад. Чунончи:

Хароҷоти тӯй ӯро тулак мекунонад ва маҷбур шуда дар тирамоҳи ҳамон сол боз ба Фарғона меравад. Ин дафъа баъд аз ду сол баргашта меояд (Ҳ. Карим, Оқшуда). То дарвозаи Имом мардумро аз роҳ дур кунед, шамъҳоро кушед ва роҳро қатаған кунед, — гуфта фармон дод (С. Айнӣ, Дохунда). Ман розӣ ҳастам, ҳамроҳи амакат рав (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ма, меҳмон, чой бинӯш (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Вале ман бояд имрӯз ба қишлоқ, пеши модарам биравам (Ҳ. Карим, Оқшуда). Вай албатта ба маҷлис меояд.

Дар ҳақиқат чунин маъниҳои қатъияти анҷоми ояндаи амал, ки ба воситаи оҳанги сухан ва ёрии калимаҳои алоҳида пайдо мешавад, нисбӣ буда, бештар тобиши услубӣ дорад. Бо ҳамин гуна тобиши услубӣ гоҳо феъли замони ояндаи дур ҳам дар услуби расмӣ ва бадеии забони арабӣ маънои мутлақ пайдо мекунад:

Аз ҷумла ҷамъоварии умумии пахтаи маҳиннах дар соли 1975 ба 290 ҳазор тонна расонда хоҳад шуд (Тоҷикистони советӣ).

Буржуазӣ гар биҷангад, мо зафар хоҳем кард,
Олами сармояро зери забар хоҳем кард,
Ҷои он эҷоди дунёи дигар хоҳем кард,
Кори дунёро ба коми коргар хоҳем кард...
(А. Лоҳутӣ, Куллиёт).

Намуди давомноки феъл ва шаклҳои ифодаи он

Феълҳое, ки давомнокӣ ва ё такрори мӯлкаратии амалро мефаҳмонанд, намуди давомнок номида мешаванд. Давомнокӣ маънии ҷараёни бардавому нотамоми амалро дар шаклҳои феълии замони гузашта, ҳозира ва оянда ифода мекунад. Мӯлкаратӣ бошад, дар баробари ифода намудани такрори амал маънои давомнокии амалро низ дар бар мегирад. Чунончи, дар мисолҳои зерин феълҳои рафтан гиред, омада истодааст, кор карда гаштаанд, итоат мекарданд асосан ҷараёни амал — давомнокиро, аммо феълҳои хӯронда истод, омада мерафтанд амали давомнокии мӯлкаратиро мефаҳмонад:

Агар шумо пеш нигоҳ карда рафтан гиред, ба ногоҳ ин оби дурахшон монанди моҳи тобоне, ки дар паси абр медарояд, ба зери санге даромада аз назаратон пинҳон мешавад

пешина
аз 457
навбатӣ