Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

(С. Айнӣ, Дохунда). Дид, ки Заҳро кӯзаро ба китғаш бардошта, ба сӯи наҳр омада истодааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Доруҳои духтур фармудагиро хӯронда истод (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Латиф, Набӣ, Шариф, Солеҳ ва дигар камбағалони қишлоқ чӣ кор карда гаштаанд? (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ба ҳуҷраи Маҳсум ба ғайр аз вай боз ду-сетаҳо омада мерафтанд ва ҳама хизмати ӯро карда, ба фармонҳои ӯ итоат мекарданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Шаклу воситаҳои ифодаи намуди давомноки феъл гуногунанд:

I. Намуди давомноки феъл бештар бо префикси ме-, ки маънои замонӣ ва намудӣ дорад, ифода меёбад. Феълҳои давомнок бо префикси ме- аз ду асоси феълӣ сохта мешаванд:

  1. Феълҳое, ки аз асоси замони гузашта сохта мешаванд, феъли гузаштаи ҳикоягӣ мебошанд. Ин шакли феъл ба намуди давомнок мансуб аст ва бинобар ин қариб ҳамеша ҷараёни амал ё ҳолату вазъияти замони гузаштаро мефаҳмонад:

Суханҳои хуб мегуфт, зарбулмасал ва мақолҳои бисёреро медонист (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Пас аз ин падараш ба ҳар куҷое, ки мерафтааст, аввал ҳасрати мӯ-заи писарашро баён мекардааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Табиӣ ҳеҷ кадоми он бандиён дар ин бора лаб намекушоданд (С. Айнӣ, Дохунда). Боди серун ба димоғ бӯи ғаллаи расида ва замини офтобхӯрдаро меовард (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

Дар қисме аз ин гуна феълҳои давомнок маънии ҷараёни такрори мӯлкаратии амал хеле равшан фаҳмида мешавад. Чунончи:

Ҳар кас, ки ба ёрии Арслоналӣ наздик меомад, ба лагади ҷӯрабошӣ дучор мегардид (Р. Ҷалил, Шӯроб). Гоҳ-гоҳе пайкари дабанги вай дар ноҳамвориҳои роҳ гаронборона такон мехӯрд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Мардони куҳансол ду-ду, чор-чор ба сангҳо такья карда нишаста саргузашт мегуфтанд ва мешуниданд (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳамаи ин чизҳои заруриро аз Россия мегирифтем (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Ёдовари: Шакли феълии замони гузаштаи ҳикоягӣ бо маъмуни сиғаи шарти-ҳоҳишмандӣ омада бошад, маънии давомнокӣ ва мӯлкаратии амалро ифода намекунад: Агар ба намояндагони комитети вилоятии партия мегуфт, ба ман, албатта, хабар медоданд (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Дар ҷумлаи зерин ҳам таъбири «нахустин бор» таъкид мекунад, ки феъли рӯй медод маънои давомнокӣ ва мӯлкаратӣ надорад: Ин тавр ҳолат дар Ойими Шох нахустин бор рӯй медод (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Агар шакли гузаштаи ҳикоягӣ дар матн ба маънои ғайри замони гузашта (масалан, ҳозира-оянда) омада бошад, маънии

пешина
аз 457
навбатӣ