Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

давомнокӣ ва мулктаратии амалро намефаҳмонанд: Одамони беҳтарини колхоз ба сохтмон мерафтаанду вай не.— Кадом маҳбуб мемондааст, ки маҳбубай ба ҷон баробарашро озор диҳанд? (Ҳ. Карим, Оқшуда).

  1. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик бо таъсири забони умумихалқии гуфтугӯӣ истеъмоли чунин шаклҳои феълӣ маъмул гардидааст, ки аз рӯи моҳияти таркибии граматикии худ маънои давомнокӣ ва такрори мулктаратии амалро ифода менамоянд. Чунин шаклҳои феълӣ аз феълҳои содда, феълҳои таркибии номӣ асосан бо ёрии кардан ва таркиби феълӣ бо ёрии тавонистан ба шакли сифати феълии ҳозира-оянда ва пас бо иловаи феъли ёридиҳандаи шудан таркиб меёбанд. Чунончи: мебофтагӣ шуд, мегузаштагӣ шуд, мегуфтагӣ шудааст, дӯст медоштагӣ мешавад, роҳ мегаштагӣ шудам, таъсир мекардагӣ шуд, дида наметавонистагӣ шуданд ва ғ.

Вай дар синни 15—16-солагӣ дар қатори халифаҳои дигар дурустакак кор мекардагӣ шуда, дар бистсолагиаш кори ӯ дар қатори кори устоҳои номдори шаҳр мегузаштагӣ шуд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Аввал занҳои амир ва баъд модари амир ба вай рашк бурданд ва ӯро дида наметавонистагӣ шуданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Акнун маро мардум... «Ҷӯрабой саркори ва ҳатто «раис» мегуфтагӣ шуда буданд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Колхоз планашро барзиёд иҷро мекардагӣ шуд (Тоҷикистони советӣ). Аз рӯи расидани мактуб сар карда, ҳар ду ба хонаи ҳамдигар омадурафт намуда, даҳонашонро пур карда «кудоҷон»! мегуфтагӣ ва якдигарро аз ҳад зиёд иззату ҳурмат мекардагӣ шуданд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

  1. Префикси ме- ба асоси замони ҳозираи феъл ҳамроҳ шуда, шакли замони ҳозира-оянда месозад, ки ин шакли феълӣ ба маънои замони ҳозира, ҳамчун ифодакунандаи ҷараёни амал ба намуди давомнокии феълҳо мансуб аст. Масалан:

Ясавул ба он тараф нигоҳ карда дид, ки духтаре ба сӯи худаш меояд (С. Айнӣ, Дохунда). Ғайр аз вай боз 12-сола як писари дигар ҳам дорад, ки ҳоло ин дар синфи чаҳоруми мактаби ибтидоӣ мехонад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Найми Талх дар ҳамин қишлоқ зиндагӣ мекунад? (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Съезди XVII Партияи Коммунистии Тоҷикистон дар вазъияте мегузарад, ки мамлакат, партия ба съезди навбатии XXIV КПСС тайёрӣ мебинад (Тоҷикистони советӣ).

Ёдоварии Феъли доштан ба маънои доро будан, мавҷуд будан префикси ме- қабул намекунад. Вай дар шакли аорист маънои давомнокии амалро ифода карда метавонад: Дар он сӯ, дар пайраҳаи борик ҳаракӣ ва пиёдаҳо ҷунбуҷӯле доранд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

II. Дар забони ҳозираи тоҷик ба воситаи феълҳои ёридиҳанда

пешина
аз 457
навбатӣ