Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ифода кардани намуди давомнок низ мавқеи калон дорад. Феълҳои зерин дар таркибҳои феълӣ ҳамчун ёридиҳанда омада, барои ифодаи маънои нотамомӣ, мӯлкаратӣ ва давомнокии амал хизмат мекунанд: истодан, мондан, гаштан (гардидан), гирифтан, омадан, нишастан (шиштан), хобидан (хоб кардан) ва ғ.

Феъли истодан. Ин феъл дар таркибҳои феълӣ ба шаклҳои замони гузаштаи наздик (истод), гузаштаи дур (истода буд), гузаштаи ҳикоягӣ (меистод) ва ҳозира-оянда (меистод) омада, нотамомӣ ва давомнокии амалро ифода мекунад. Шаклҳое, ки префикси ме- доранд, маънои такрори мӯлкарати низ дар бар мегиранд:

Чӣ кор кунам! — гуфт ва имдодталабона рӯяро сӯи Қосим гардонид ва мунтазири гапи ӯ шуда, чашмонашро ба вай дӯхта истод (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ҳоҷӣ Ҳасанбек камтар фикр карда истоду даст афшонда баромада рафт (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Қӯрбошӣ дасти маҷрӯҳашро бо ёрмандии ду нафар аз йигитҳояш бо рӯмол сахт баста истода буд, дар ҳамин асно тири Коваленко ба яке аз йигитҳои ӯ, ки дасти ӯро мебаст, расид (Ҳ. Карим, Оқшуда). Саид Амон аз дур ба ӯ нигоҳ карда меистод ва ба худ реча мекашид, ки чӣ тавр карда бо ӯ шинос мешавад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Аз ҷумлаи деҳқононе, ки аз он ҷой ба отпуска омада меистанд, ақаллан як кас ҳам дар ин хусус шикоят намекунад-ку?! (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Феъли ёридиҳандаи истодан дар таркиби феъли ҳозираи давомдор (муайян) ва шаклҳои ҳаммаънои он омада, ҷараёни ҳозираи амалро мефаҳмонад:

Духтарат акнун калон шудааст, аз пасу пеш ба вай даҳан зада истодаанд (С. Айнӣ, Дохунда). Сӯи дару девор синча карда, гурс-гурс қадам монда омада истодани ду кас ба назараш намудор шуд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Соҳиби тӯй илтимос кард, ҳамин ордро ба тӯйхона бурда истодаам (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Лабҳои маҳини Заҳро монанди лабҳои одаме, ки вайро табу ларз гирифта истода бошад, ларзизанд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Феъли истодан дар таркиб феъли ёридиҳанда омада, ба он маънои давомнокӣ ва мулҳақотӣ медиҳад:

Ин корро ману Ислом ба ҷо меорем, шумо фақат аз берун, аз қаровулҳо хабардор шуда истед (Ҳ. Карим, Оқшуда). Охир, тез-тез хат карда ист — гуфта бубед-ку (С. Улуғзода, Ёрони боҳиммат).

Феъли мондан. Феъли ёридиҳандаи мондан дар таркиби феълҳои замони гузашта ва ҳозира-оянда омада, давомнокию нотамомии амалро мефаҳмонад. Вай барои ифодаи давомнокӣ бештар бо феълҳои ғайри кору ҳаракат кор фармуда мешавад: андеша карда мондам, саросема шуда монда буд, одат карда мемонад ва ғ.

пешина
аз 457
навбатӣ