Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ӯ ба асп назар андохта дуру дароз фикр карда монд (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Феъли гаштан (гардидан). Ин феъли ёридиҳанда дар феълҳои таркибӣ ба шакли замони гузаштаи наздик (гашт), гузаштаи дур (гашта буд), гузаштаи ҳикоягӣ (мегашт) ва монандӣ инҳо омада, давомнокӣ ва мӯлкаратии амал ва ҳолати замони гузаштаро мефаҳмонад: кор карда гаштам, хонда мегашт, гуфта гашта буд ва ғ.

Вай дар ҳавлии хӯҷаин чанд сол бачабардорӣ, найчакашонӣ, чойҷӯшонӣ барин корҳоро карда мегашт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Наим чанд рӯз дар байни шакку шубҳа ва боварию ҳайрат азоб кашида гашт (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Мисли одамони дуппа-дуруст кор карда мегаштам, ҳатто ба шумо мӯсафедон ёрӣ ҳам расонда меистодам (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Феъли гаштан дар феълҳои таркибӣ ба шакли нақлӣ омада, ҷараёни ҳозираи амалро ифода мекунад: кофта гаштаам, пурсида гаштаем, меҳнат карда гаштааст ва ғ. Ин шакли ифода бо маънию хусусияти давомнокии худ ба феъли ҳозираи давомдор (хонда истодааст, ронандагӣ карда истодааст) ва баъзан бо ҳозира-оянда (муаллимӣ мекунад) мутобиқат дорад. Фарқ дар тобиш ва истеъмоли услубии ин шаклҳост.

Масалан:

...ҳатто гумон кардан мумкин буд, ки... дар ҳавзи азими торик одамон фонус дар даст чизеро ҷустуҷӯ карда гаштаанд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Латиф дар отряди Исмат-командир, Набӣ, Солеҳ дар дари Тӯрақул ятимӣ мекунанд. Шариф бошад, даравгарӣ карда гаштааст (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Феъли ёридиҳандаи гардидан (гаштан) дар феълҳои таркибӣ ба шакли аорист ва ҳозира-оянда маънои давомнокӣ ва мӯлкаратии амали замони ҳозира-ояндаро ифода мекунад: навишта мегардам, гуфта мегарданд, хизмат карда гардад ва ғ.

Лекин, гапи худамон, сарҳадчиён назорат карда гарданд ҳам, алоқаи хешу таборӣ якбора канда нашудааст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

Феъли гирифтан. Бо ёрии феъли гирифтан аз шакли масдарии феъли аслӣ феъли таркибие сохта мешавад, ки ҳамаи шаклҳои замонии он ба намуди давомнокии феъл мансуб аст: рехтан гирифт, гап задан мегирифт, омадан мегирӣ, рақсидан гир ва м. ин.

Феъли гирифтан дар шаклҳои замони гузашта сар шуда давом кардани амалро мефаҳмонад. Шакли гузаштаи ҳикоягӣ маънои давоми мӯлкаратиро равшантар ифода мекунад. Чунончи:

Духтар инро гуфту гирист ва аз чашмони шаҳлояш қатраҳои ашк ба рӯи гулобиранги ӯ шоридан гирифт (Р. Ҷалил,

пешина
аз 457
навбатӣ