Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шӯроб). Пас боз занг заданд ва ҳар кас ба синфи худ даромада, ҳаррӯзангӣ барин дарс хондан гирифт (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ғулгула наздик шудан гирифт (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳамин тавр рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо паи ҳам гузаштан мегирифтанд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Чунин феъли таркибӣ бо ёрии гирифтан дар шакли замони ҳозира-оянда (навиштан мегирам), оянда-аорист (навиштан гирам) ва феъли фармоиш (навиштан гир) давом додани амали саршударо мефаҳмонад:

Онҳо ба мо ягон роҳашро гӯянд, дигар ҳамаи меҳнат ва корашро кардан гирем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Акнун минбаъд ҳар хел гапҳоро гуфтан намегирад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Шумо оҳиста-оҳиста чидан гиред. — Ба вай корат набошад, ба роҳат рафтан гир!

Феъли омадан. Ин феъли ёридиҳанда ҳам бо феъли асосӣ омада, таркибе месозад, ки он дар ҳамаи шаклҳои замонӣ давомнокии амалро мефаҳмонад. Дар шакли замони гузаштаи феъли давом, анҷом ва натиҷаи амал, аммо дар шакли ҳозира-оянда ҳанӯз давом доштани амали пеш саршуда ифода меёбад. Масалан:

Ӯ дар хонаи бой бисту панҷ сол кор карда омада бошад ҳам, аз музди хизмат чизе пасандоз карда натавониста буд (С. Айнӣ, Ятим). Муборизае, ки ман дар давоми се сол бурда омадам, натиҷааш фақат ҳамин рӯз маълум шуд (С. Улуғзода, Нақобод). Ҳамаи коммунистон дар маҷлисҳои ҳизбӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда меоянд (Маориф ва маданият).

Феъли нишастан (шиштан). Маънии аслии ин феъл дар шаклҳои замонии феъли таркибӣ хеле суст шуда, чун феъли ёридиҳанда давомнокии амалро мефаҳмонад ва моҳиятан ба феъли ёридиҳандаи истодан наздик мебошад. Бо ёрии ин феъл бештар ҳолату вазъияти фоил ифода меёбад:

Деҳқонон чурукӣ накарда, ба даҳони вай нигоҳ карда нишаста буданд. — Модараш ҳам ҳайрон шуда ба гапҳои Юсуфҷон гӯш андохта шишт (Ҳ. Карим, Оқшуда). Тағо дар лаби кат як пояшро овезон карда менишаст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Дар як канор, дар дасташ думбра як мӯйсафед думбранавозӣ ва ғазалхонӣ карда мешинад (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Феъли хобидан (хоб кардан, хоб рафтан). Ин феъли ёридиҳанда низ давомнокии амалро ифода менамояд. Истеъмоли он, монандӣ феъли ёридиҳандаи нишастан (шиштан), ба нутқи гуфтугӯӣ хос буда, ба забони адабиёти бадеӣ ҳам таъсир кардааст. Масалан:

Имрӯз рӯзи панҷум буд, Остонақул-қурбошӣ дар яке аз ғорҳои кӯҳи Сарсарак бо йигитҳои худ «дам» гирифта мехобид (Ҳ. Карим, Оқшуда).

пешина
аз 457
навбатӣ