Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Феълҳои шуҳудӣ ва нақлӣ

Ҳамаи феълҳо аз рӯи муносибати фоил ба маънои иҷрои амал ва ҳолату вазият боз ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: 1) феълҳои шуҳудӣ, 2) феълҳои нақлӣ. Ин тақсимот дар забони ҳозираи тоҷик фақат ба шаклҳои тасрифии феълҳо дахл дорад.

Феълҳои шуҳудӣ. Феълҳое, ки дар иҷрои амал ва оғозу анҷоми он ҳамчун шоҳиди кору ҳол муносибат доштани фоил (гӯянда)-ро мефаҳмонанд, феълҳои шуҳудӣ номида мешаванд.

Аксарияти шаклҳои замони гузашта, инчунин шаклҳои замони ҳозира ва оянда, ки маънои чун шоҳиди амал сухан кардани фоилро ифода мекунанд, ба гурӯҳи феълҳои шуҳудӣ дохил мешаванд. Чунончи: афтид, баргаштам, наомадӣ, фаро гирифтанд, мехонондем, чег зада бурданд, идора мекард, рафта истода буд, хандида истодааст, меравем, хоҳанд гуфт ва м. инҳо.

Ба рӯи дастурхон ду-се нон, косаи ҷурғот ва дар табақҷаме намақ гузошт, ба ошхонаи худ баргашт (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Ҳайдарқулро соати ҷори саҳар омада чег зада бурданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Командир ҳайрон шуда истода буд, ки аз паси одамон Заҳро баромад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Одамон ба қишлоқи якдигар арӯс медоданд, арӯс мегирифтанд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Шаҳрҷаи Навобод акнун ба ҳаракат даромада истодааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Аз он дам ҳоло зиёда аз ду сол мегузарад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Феълҳои нақлӣ. Феъли нақлӣ амалеро мефаҳмонад, ки фоилаш дар бораи вуқӯи он на ҳамчун шоҳиди бевосита, балки аз рӯи шунида ва сарчашмаҳои дигар сухан мекунад. Масалан: дидааст, шикастаанд, сохта будааст, медодааст, менависондаанд, гуфта меғаштай ва ғайра.

Азбаски шаклҳои нақлии феъл дар нутқ бо тобишҳои гуногуни маъноӣ истеъмол меёбанд, маънии нақлии феъл дар матн муайян мешавад. Ҳамаи феълҳои нақлӣ ба шакли замони гузашта сохта шуда бошанд ҳам, маънии замонии онҳо маҳдуд нест.

Маънии нақлии замони гузашта, ҳозира ва ояндаи феъл дар ҷумла бо худи шакли феълӣ ифода шуда метавонад. Масалан:

Ҳеҷ чиз нашудааст, танҳо аз ҳамон ясавули шумқадам андак тарс хӯрдааст (С. Айнӣ, Дохунда). Тухмҳои таърифӣ якта намонда шикастаанд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Занаш ҳам худаш барин дар кадом идорае кор мекардааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Бузкашӣ ҳам мешудааст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Агар одамро газад, накушта намемондааст (Ҳ. Карим, Оқшуда).

пешина
аз 457
навбатӣ