Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Маънии шаклҳои нақлии феъл дар нутқ бо қайд кардани сарчашмаи ифодаи он саҳеҳ ва таъкид мешавад. Таъкиду таъйини маънои нақлии амал ба ҳар шакл воқеъ мегардад:
Мардум мегуфтанд, ки ҳамон рӯз ӯро дар пеши идораи сарҳадчиён дидаанд.— Бача ҳамин қадар хабар додааст, дар шаби тӯй сангчархро Манзарбек сохта будааст (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).— ...дар Бухоро дӯкони таппончафурӯшӣ кушода шудааст мегӯянд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Шунидам, ки шумо маро ба мудири магасини маҳалламон медодаед (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Маънии нақлии феъл ба таври хулосаи мантиқӣ ва таҳмини гӯянда низ таъкид меёбад. Воситаҳои ёрирасон ҳам гуногунанд. Чунончи:
Маълум шуд, ки вай дар армияи савора чор сол хизмат карда, аз панҷ ҷояш ярадор шуда ва як бор кантузия шуда будааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). ... аз ҳолати кӯфтаю хаста ва бемадорона по дароз карда ба рӯ ба рӯи падари писар нишаста монданаш маълум буд, ки ин мард хеле пиёда роҳ гаштааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Гӯё раис дар куҷое гуфта бошад, ки китобхонаро аз он ҷо кӯчонидан даркор (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
СИГАҲОИ ФЕЪЛ
Сиға яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи феъл аст. Гӯянда вуқӯъ, ҷараён ва анҷоми амалро баён карда, муносибати нисбат ба воқеият доштани онро муайян менамояд. Муносибати амал ба воқеият сиға номида мешавад.
Сиғаҳо бо шаклу таркибҳои тасрифии замонҳои феъл ва баъзан бо ёрии воситаҳои синтаксисӣ ифода меёбанд. Масдар худ ба худ сиға надорад ва агар вай дар таркиби феълҳо ҳамчун ҷузъи асосӣ омада бошад, он таркибҳо ба туфайли шаклҳои тасрифии феълҳои ёридиҳанда майлу тобиши сиғавӣ пайдо мекунанд: хоҳам рафт, омадан гирифт, гуфтан гир ва ғ.
Дар забони тоҷикӣ чор сиға ҳаст ва ҳамаи шаклҳои замони феълҳо аз рӯи маънӣ ва хусусияти воқеияташон ба ин сиғаҳо мансуб мегарданд: сиғаи хабарӣ, сиғаи шартию хоҳишмандӣ, сиғаи амр, сиғаи эҳтимолӣ.
Сиғаи хабарӣ
Сиғаи хабарӣ воқеъ шудан ё нашудан, тасдиқ ё инкор ва ё қайд карда шудани факти амалро мефаҳмонад. Ба ин сиға чунин шаклҳои шуҳудӣ ва нақлии феълҳои замони гузашта, инчунин баъзе шаклҳои замони ҳозира ва ояндаи феълҳо мансубанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо