Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Танҳо Ҷамъ

  1. хонда истодагистам хонда истодагистем
  2. хонда истодагистӣ хонда истодагистед
  3. хонда истодагист хонда истодагистанд

Майнаашро хаёлҳои гуногуни пур аз даҳшат: «балки вай бо ягон тири ногаҳонии босмачиён, дар ягон чарие ба хуну хокаш оғӯшта шуда, ҷон канда истодагист» фаро гирифтанд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Дар адабиёти бадеӣ ва забони гуфтугӯӣ шаклу воситаҳои дигари ифодаи сиғаи эҳтимолӣ ҳам мавҷуданд. Баъзан калимаи эҳтимол бо шакли эҳтимолии феъл дар як ҷумла омада, маънии сиғавиро таъкид мекунад:

«Эҳтимол боз ягон чиз даркор будагист» гуфтанду ба кори худ машғул шуданд (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Шаклҳои аористи феъл, аз ҷумла онҳое, ки бо аористи будан таркиб меёбанд, дар мавриди худ бо ёрии калимаҳои модалии эҳтимол, бояд, шояд, мабодо, инчунин бо калимаи мумкин ва таъбири мумкин аст маънии сиғаи эҳтимолиро мефаҳмонанд ва муродифи (синоними) шаклҳои эҳтимолии феъл мебошанд. Масалан: эҳтимол биёяд//меомадагист; бояд омада бошад//омадагист; шояд омада монад//омада мемондагист ва ғайра.

Эҳтимол аз вай ба инҳо хабар оварда бошад! (Ҳ. Карим, Оқшуда). Саид Амон нақлҳои одамонро ба ёд оварда, аз дил гузаронид, ки як қисми дарахтони Мунавваршоҳ шинонида эҳтимол ҳаминҳо бошанд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Фардо бояд ҳуҷҷатҳояшро диҳанд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Шояд чашми пиразани берӯзӣ дар роҳи фарзанди азизаш чор бошад. - Мабодо ягон андешаи бад ба майнаи инҳо наёмада бошад? (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Алоқамандона бо сохти ҷумла, оҳанги сухан ва муносибати маъноии феълҳо ё ҷузъҳои дигари ҷумла аорист ё шакли ҳозира-оянда бо тобиши маъноии гумону тахмин омада, моҳиятан ба сиғаи эҳтимолӣ мансуб мегардад. Чунончи:

Лекин ман гумон мекунам, ки амаки Ёдгор имшаб осиё рафта наметавонад (С. Айнӣ, Дохунда). Чӣ андешае дошта бошад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

ЗАМОНҲОИ ФЕЪЛ

Чунон ки дида шуд, феъл ҳамчун мураккабтарин ҳиссаи нутқ дорои доираи васеи маъноӣ ва муносибати грамматикӣ мебошад, ки он дар шаклҳои феълӣ, тарзҳо, намудҳо, сиғаҳо ва замонҳои феъл ифода меёбад.

Замони феъл муносибати амалро ба ҳангоми нутқ ва ё ба

пешина
аз 457
навбатӣ