Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

лаҳзаи дигари дар нутқ зоҳиршуда нишон медиҳад. Феъл се замон дорад ва бо шаклҳои гуногуни замонӣ тасриф меёбад: замони гузашта, замони ҳозира, замони оянда.

Замони гузаштаи феъл, сарфи назар аз ҳамаи шаклу тобишҳои грамматикиаш, амали пеш аз лаҳзаи нутқ воқеъшударо мефаҳмонад; яъне гӯянда дар бораи замони қатъшудаи амал ва процессҳои дигар сухан меронад: навиштам, навиштаам, менавиштам, навишта будам, навишта истода будам, ва ғ. Ҳамаи феълҳои замони гузашта шакли нақлӣ доранд.

Замони ҳозираи феъл амали дар ҳангоми нутқ давомдоштаро ифода мекунад, масалан: Додари ман дар мактаби тиббӣ мехонад. Вай барои бо муваффақият тамом кардани мактаб кӯшиш карда истодааст.

Замони ояндаи феъл амалеро мефаҳмонад, ки он баъд аз лаҳзаи сухани гӯянда содир мешавад, чунончи: Аз гунҷишк тарсӣ — арзан накор (Зарбулмасал). Расул ба Норак меравад, ман низ хоҳам рафт.

Замонҳои феъл дорои лаҳзаҳо ва тобишҳои зиёди грамматикие мебошанд, ки ба воситаи шаклҳо ва таркибҳои муайяни феълӣ дар нутқ (матн) ифода меёбанд. Аз ин рӯ аксарияти шаклҳои замонии феълҳо сермаъно ва сервазифа буда, ғайр аз вазифаи асосии худ маънои вазифаҳои иловагиро низ дар бар мегиранд. Шаклҳои асосии замонҳои феъл инҳоянд:

I. Замони гузаштаи феъл

Замони гузаштаи наздик (гузаштаи оддӣ)

Феъли замони гузаштаи наздик (гузаштаи оддӣ) аз асоси замони гузашта ва бандакҳои феълӣ сохта мешавад. Шахси сеюми танҳои ин феъл бо асоси замони гузашта баробар аст.

Ҳамаи феълҳои гузаштаи наздик ба тарзи зер тасриф меёбанд:

Танҳо

  1. ман хондам
  2. ту хондӣ
  3. вай (ӯ) хонд

Ҷамъ

  1. мо хондем
  2. шумо хондед
  3. онҳо хонданд

Шакли гузаштаи наздик (оддӣ) ба чунин маъниҳо меояд:

  1. Феъли гузаштаи наздик амали якқаратаи анҷомёфтаро мефаҳмонад, ки қатъи назар аз фосилаи замони амал натиҷаи он маълум аст. Масалан:

Пиракӣ ба ман аз оби ширчой як пиёла нӯшонд.— Хоб пахш кард, хобидам.— Хуб кардетон, ки ин бачаро ба хондан

пешина
аз 457
навбатӣ