Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
овардетон, — гуфт (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. I). Маро ҳайрон кардед, дӯстам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Фаҳмидам! — гуфт Найми Талх ва хомӯш монд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Соҳиби хона косаи пур дар даст ба назди айвон пайдо шуд ва меҳмонро бо имою ишора ба поён даъват намуд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Баъзан дар нутқ барои таъкиди лаҳзаи замони амал калимаю ибораҳои замонӣ кор фармуда шаванд ҳам, фосилаи замонии феълро комилан не, балки нисбатан муайян мекунанд. Чунончи:
Баъд аз чанд дақиқа Махдуми ҳазорагӣ маро аз пеши мардикорон имо карда хезонд ва ба роҳрави ҳавлӣ бурда, ба болохонае баровард (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 1). Ман ҳозир аз банд гурехта омадам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Аммо дар болои кори ҷуворӣ меистам, ки ҳосили вай он сол моро аз ҳалокат раҳонид (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. I).
Пасу пеш воқеъ шудани амал моҳияти нисбии фосилаи амал ва категорияи феълро тағйир намедиҳад, чунончи:
Рокиа рӯяшро пӯшиду ба хона даромада рафт (Р. Ҷалил, Шӯроб). Хушбахтона, он сол ҳаво ҳам ба Бозор ёрӣ дод, дар вақтҳои муносиб боришҳои хуб шуд, дар вақташ офтоб заминро тафсонд; дар натиҷа ҳосил аз чашмдошти Бозор ва бой барзиёд омад (С. Айнӣ, Дохунда).
- Феъли гузаштаи наздик ҳам вобаста ба маънии луғавии худ, ҳам алоқамандона бо матн амали бардавоми анҷомёфтаро мефаҳмонад:
Назарҷон моро ба ин ҷо кӯчонида овард. — Мария Григорьевна бо ҳаяҷони пурзӯре мазмуни онро ба Шарофат ҳикоя карда дод (Ҳ. Карим, Оқшуда). Вай дар пеши чашми онҳо калон шуд, хонд, кор кард ва то ба дараҷаи раиси ҷамоа боло бардошта шуд (Ҷ. Икромӣ). Пас аз ин маслиҳати табиби оқил ва роздон Карим хеле фикр кард, дуру дароз андешид ва қарори қатъӣ дод, ки дар ҳақиқат пеш аз ҳама сиҳат шудан лозим (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Анҷоми амали замони гузашта дар баъзе ҷумлаҳои саволӣ ва феълҳои аз сифати феълии замони оянда бо феъли ёридиҳандаи шудан таркибёфта (масалан: рафтанӣ шуд) на бевосита, балки вобаста ба рафти сухан ва алоқаи байни ҷумлаҳо муайян мегардад. Чунончи:
Аҳволатон чӣ тавр? Доруҳои духтур додагиро хӯрдед-мӣ?
(Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Шокирҷон ягон тӯҳфаи нағз харида, рафта ҳамшираашро диданӣ шуд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
- Шакли замони гузаштаи наздик дар нутқи гуфтугӯӣ ва дар адабиёти бадеӣ бо тобиши маъноии майлу хоҳиш, таъкиди қатъият ва шарту замон омада, амали ояндаро низ ифода мекунад. Масалан:
Хуб! Ман рафтам (меравад).— Канӣ, рафтем (Ҳ. Карим,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо