Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ёдоварӣ: Феъли ёридиҳандаи будан ва феълҳои дигар дар афсонаҳо ва ривоятҳои халқӣ аксар ба шакли нақлӣ истеъмол мешаванд. Чунончи: Будаст, набудаст, як кампир будаст. Вай як писар доштааст. Як рӯз писараш ба саҳро баромадаст...
Дар ҳамин гуна мавридҳо кор фармуда шудани таъбири феълии буд-набуд низ маънои нақлӣ дорад. Масалан:
Буд-набуд, будгор-буд,
Замин набуд, шудгор буд...
(Фольклор).
- Феъли замони гузаштаи нақлӣ амали воқеъшудаеро мефаҳмонад, ки натиҷааш маълум аст. Истеъмоли ин шакли феълӣ ба ин маъно аксар бо шаклҳои феълӣ, баъзан бо ёрии ибораҳои тавзеҳӣ воқеъ мешавад. Ин гуна ибораҳо аз «маълум аст», «маълум шуд», «маълум мешавад» иборатанд. Феълҳои нақлие, ки бидуни ин гуна тавзеҳот ифода меёбанд, мантиқан натиҷаи чунин тавзеҳот мебошанд. Чунончи, мисолҳои зеринро муқоиса кунед:
Маълум шуд, ки роҳи оҳанро одамони амир вайрон кардаанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Пас маълум мешавад, ки аз ақибамон афтодаанд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Номат Рустам бошад ҳам, аз занат ҳам буздилтар будай (С. Айнӣ, Дохунда). Аз даҳ даҳ дақиқа гузаштааст, — ҷавоб дод Ҷамила ба соати тиллоии худ нигоҳ карда (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ана, фаҳмидед, амир гурехтааст, аскарбачаҳо зӯр баромадаанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Чизе, ки доштам, тала кардаанд, ба хонаам алав сар додаанд, — гуфт Давлат (Ҳ. Карим, Оқшуда).
- Феъли замони гузаштаи нақлӣ натиҷаи амалро мефаҳмонад, ки он пеш аз ин ба гӯянда номаълум буда, бо хулосабарории мантиқӣ ва ё пас аз воқеаи дигаре маълум мешавад. Аксаран тарзи ифодаи натиҷа ва хулосаи мантиқӣ ба ҳам монанд аст ва ин ду маъно ба осонӣ аз ҳам фарқ намекунанд. Бо вуҷуди он, дар ин миён фарқи нозуке ҳис карда мешавад:
Ба шумо фақат ҳаминашро мегӯям, ки он чиз ба модарам аз модаркалонам мерос мондааст. — Ҳамин тавр, даст ба даст гузашта, вай се авлодро дидааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Агар наояд, маълум мешавад, ки риштаи ошноиро баркандааст. — Вай ба назараш аз ҳама бачаҳо хушрӯйтар намудаасту нононро ба вай дода омадан гирифтааст (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ту ҳоло бо собуни ман ҷомашӯй накардаӣ. — Баҳор шуда мондааст, ман бехабар! (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Агар феъли нақлӣ ҳамчун натиҷаи муҳокима воқеъ шуда бошад, маънои хулосаи мантиқиро дорад. Ғайр аз ин, дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо