Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҷумла ба шакли нақлӣ омадани феъли будан низ далели хулосаи мантиқист. Масалан:
Наим фаҳмид, ки суханаш ду маъно дода, талх шуда рафтааст, бинобар он узр хоста, дарҳол ба пиёлаҳо май рехт (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ягон паҳлавони асил аз пушти муғамбирӣ обрӯӣ наёфтааст.— Ана, он миш-мишу пичир-пичирҳои Муҳаммадмурод чӣ маъное доштаанд. Аз ваҷоҳати ронанда маълум буд, ки ӯ дигар қонеъ шудааст. (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). ...лекин сонитар фаҳмидам, ки тӯтӣ як мурғи бисёр зебои зирак будааст (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна). Ман надонистам, ки ту дил надоштӣ ва агар бошод ҳам, дар дасти худат набудааст (Ҷ. Икромӣ, Ситора).
Ёдоварӣ: 1. Дар забони гуфтугӯӣ ва дар лаҳҷаҳои шимоли ғарбии забони тоҷикӣ тарзи махсуси сухани мазмунан нақлшудае ҳаст, ки бо шакли нақлии феъли будан сурат меёбад. Ин тарзи ифода дар адабиёти бадеӣ ҳам кор фармуда мешавад. Масалан: Рафиқ Николай, муовини раис телефон карданд, гуфтанд, ки то омадани он кас дар ҳамин ҷо сабр карда шинетон будааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
- Дар ҷумлаҳои саволӣ ба шакли нақлӣ омадани феълҳо бештар барои ифодаи натиҷа ва хулосаи мантиқӣ воқеъ мешавад. Чунончи: Кӣ дидаасту кӣ шунидааст, ки дар ягон ҷой касе ҳушу ёди аҳли як деҳаро, бигузор он деҳаи бузург набошад, бо таронаҳои сози худ тасхир карда бошад? (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).
Шаклҳои ифодаи феъли нақлӣ
Маъниҳои нақлии замони гузашта бо чор шакли зерини феъл ифода меёбанд:
-
Чунон ки аз мисолҳои боло дида мешавад, шакли тасрифии феъли нақлӣ шакли пурра ва асосӣ мебошад, ки дар забони гуфтугӯӣ, забони адабӣ — дар назму наср серистеъмол аст. Тасрифаш: омадаам, омадай, омадааст (-ем, -ед, -анд).
-
Аз гузаштаи нақлии шахси сеюми танҳо бо иловаи бандакҳои хабарӣ тарзи дуюми феъли нақлӣ ҳосил мешавад, ки тасрифаш чунин аст:
Танҳо
- шунидастам
- шунидастӣ
- шунидаст
Ҷамъ
- шунидастем
- шунидастед
- шунидастанд

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо