Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Чунин шакли нақлии феъл асосан дар назм (бештар дар назми классикӣ, гоҳо дар назми ҳозира) кор фармуда мешавад. Чунончи:

Нигорино, ба нақди ҷон-т надҳам.
Гаронӣ дар баҳо, арзон-т надҳам.
Гирифтастам ба ҷон домони васлат,
Диҳам ҷон аз кафу домон-т надҳам.
(Маҳмуди Варроқ).

Кунун разми Сӯҳробу Рустам шунав,
Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав.
(Фирдавсӣ).

Ҳар чиро дидаю шунидастӣ.
Нақл кун, эй писар, барои мо.
(М. Миршакар, Калиди бахт).

Симҳоро аз канори он танидастем мо,
Нурбахшанда чароғонро кашидастем мо.
(М. Турсунзода).

  1. Феъли нақлӣ ба шакли феъли ҳол, сифати феълии замони гузашта бо суффикси -а омада, маънои замони гузаштаи нақлиро ифода мекунад. Ин шакли ифодаи феъли нақлӣ дар назму насри классикӣ қоидаи маъмулӣ буд, аммо дар забони ҳозира танҳо дар назм ба кор бурда мешавад. Ин шакл ғайритасрифист ва аз рӯи мазмуни матн одатан шахси сеюми танҳоро мефаҳмонад. Масалан:

Писар мутааммил шуд, ки оё чӣ ҳодиса шуд, ки об бад-ин чоҳ намеояд (Анвори Суҳайлӣ). Шаҳре дидаем, ки подшоҳе дар вай чоҳе канда ва умқи окро ба сатри муҳит расонида ва аз он обе мунфаҷир гашта, ки як маноравор баланд мерезад (Восифӣ, Бадоеъ-ул-вақоеъ).

Дар ин нақли хурд мазмуни калон—
Офтобест дар қатра ҷуста макон.
(А. Лоҳутӣ, Офтоб дар қатра).

Ба як сӯ барфу як сӯ пухта гелос,
Аҷаб фаслест тобистони Дарвоз.
(А. Деҳотӣ, Дар шаъни Дарвоз).

  1. Сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гӣ маънои замони гузаштаи нақлиро ифода карда метавонад. Ин
пешина
аз 457
навбатӣ